Arzon march 2024
Нишонаҳои муҳаббати мард
19.09.2021
Оила
4575

Мард, агар занашро дӯст дорад, ҳеҷ гоҳ ӯро паст намезанад.

Муҳаббату эҳтироми шавҳари дӯстдоштаро сазовор шудан лозим намеояд, чунки тамоми далелҳо аллакай дар қалби ӯ ҷой гирифтаанду чизе наметавонад мардро дудила намояд.

Марди дар ҳақиқат ошиқ на худро азоб медиҳаду на дилдодаашро. Марде, ки дӯст медорад ба ҳеҷ ваҷҳ ба сари бонуи писандидааш даст намебардорад. Ин ҷо на танҳо зарбаи ҷисмонӣ, балки модӣ ва руҳию равонӣ низ дар назар аст. Марди ошиқ ҳеҷ гоҳ дили бонуяшро захмин намесозад.

Марде, ки дӯст медорад аз зани дӯстдоштааш ҳамеша фарзанд мехоҳад.

Вақте муҳаббати мард асил аст, мошинашро мефурӯшад, дар се ҷойи кор аз субҳ то шом ҷон меканад, то бонуяш хушбахт бошад ва бе пулию зорию муҳтоҷӣ накашад.

Марди ошиқ тамоми камбудиҳои бонуяшро (хоҳ дар сурату хоҳ дар сират) мебахшад.

Марде, ки дӯст медорад, бонуи писандидаашро қонуниву шариатӣ ҳамсари ҳаётиаш мегардонад ва тамоми вақти холияшро бо занаш мегузаронад.

Ба хотири висоли бонуи дӯстдоштааш мард метавонад солҳо интизорӣ кашад ва ҷонбозиҳо намояд, то ӯро аз даст надиҳад.

Марди ошиқ зуд-зуд бонуяшро бо туҳфаҳои хурду калон шод месозад.

Марде, ки дӯст медорад, тангаи охиринашро сарф мекунад, то занашро шод намояд.

Вақте дар дили мард муҳаббат лона мегузорад, ба занҳои дигар чашм ало намекунад, ҳатто ба зеботарин зани ҷаҳон низ.

Марди ошиқ ба хотири бонуи дӯстдоштааш кӯҳро чаппа мекунад, тиҷорат мекушояд, мардикорӣ меравад ва сарашро ба сад дар мезанад…

Марди дилбохта муҳаббаташро бо рафтору туҳфаҳои аҷиб ва кӯмаку дастгирӣ нишон медиҳад. Зан метавонад ба марди сидқан ошиқ ҳамеша умед бандад.

Дар лаҳзаҳои душвор марди ошиқ ҳамеша тарафи занро мегирад, ҳатто бону ноҳақ бошад ҳам.

Муҳаббати асили мард ба шантаж бо туҳфаҳои гаронбаҳо муҳаббатро намехарад, балки бонуи азизи дилашро хушбахт кардан мехоҳад.

Марди оиладор ошиқ шавад, ҳама корро мекунад, то ки бо бонуи писандидааш бошад. Муҳаббати мард асил бошад, кор то талоқу хонавайронӣ намерасад, зеро намехоҳад атрофиён дӯстдоштаашро маъшуқа номида, аз пасаш ханданд.

Марди ошиқ дар ҳузури дигарон занашро паст намезанад, ҷанг намекунад.

Барои марди дилбохта шаттоҳ будан ё набудани дилдодааш муҳим нест.

Марде, ки занашро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ ба нағмаҳои дилбаронаи дугонаҳои ҳамсараш аҳамият намедиҳад.

Мард занаро дӯст дорад, як қисми корҳои хонаро ба дӯши худ мегирад, аз ҷумла нигоҳубини фарзандон, харид, партофтани партов...

Мард на бо чашм, балки бо дил дӯст медорад, аз ин лиҳоз симои бонуяш барояш муҳим нест –дар қалби ӯ ин зан ҳамчун зеботарин, фаттонатарин, дилработарини хонуми олам ҷой мегирад. Занаш дар хона бо либоси рангпарида ва бе ӯсмаву сурма гардад ҳам, дӯстдоштанӣ аст.

Марди ошиқ бемаззатарин хӯрокро аз дасти занаш мехӯрад ва ҳатто бардурӯғ таърифи кадбонугияшро мекунад.

Марди ошиқ афту андоми бонуяшро танқид намекунад.

Вақте мард дӯст намедорад ва ҳатто дӯст доштан намехоҳаду танҳо суханҳои муҳаббатомез мегӯяд, инро ҳис кардан мумкин аст. Набудани муҳаббати асилро инсон ҳамеша эҳсос мекунад.

Мурдани муҳаббатро зан аввалин шуда ҳис мекунад, ҳарчанд зоҳиран мард мунису ғамхор аст.

Зани аз муҳаббати асили мард эркагашта назар ба зане, ки бе ишқу муҳаббат зиндагӣ карда омадааст, тезтар сардшавии мардро эҳсос мекунад.

Муҳаббати асил –ин хушбахтии ду нафар, парвози якҷояи ду қалб ба олами меҳру муҳаббат аст!

 

Меҳрубон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД