Сил яке аз бемориҳои сироятии паҳнгашта дар саросари сайёраи Замин мебошад. Табибон дар тамоми ҷаҳон ба муқобили ин беморӣ муборизаи беамон мебаранд, вале ба ин нигоҳ накарда, гоҳ дар як минтақа ва гоҳ дар минтақаи дигар касалии сил хуруҷ мекунад. Кӯдакон ба гурӯҳи осебпазир шомил буда, ба осонӣ ба ин бемории сироятӣ гирифтор шуда метавонанд. Аз ҳамин хотир, бо мақсади пешгирии касалии сил дар байни атфол, имрӯз мо дар бораи нишонаҳои сил ва роҳҳои мубориза бо он ба шумо маълумот медиҳем.
Аз таърихи беморӣ
Бори аввал чӯбчамикроби силро соли 1877 Роберт Кох кашф кардааст, вале ин беморӣ садсолаҳо қабл низ, вуҷуд дошт.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки Тутанхамон, яке аз машҳуртарин фиръавнҳои Миср дар давраи кӯдакиаш ба бемории сил гирифтор шуда, қариб ин дунёро падруд мегуфт. Сил касалии сироятӣ буда, аз шахси бемор ба одамони солими дар гирду атрофашбуда гузашта метавонад, бинобар ин, эҳтиёт шудан лозим аст. Пеш аз ҳама, хатари гирифтор шудан ба ин касалӣ ба кӯдаконе таҳдид мекунад, ки дар оилаашон ягон шахси гирифтори касалии сил ҳаст. Системаи муҳофизатии организми кӯдакон нисбат ба калонсолон сусттар буда, онҳо ба осонӣ аз ин беморӣ сироят меёбанд.
Нишонаҳои касалии сил дар кӯдакон
Нишонаҳои асосии бемории сил дар кӯдакон инҳоянд:
1. Сулфаи дурудароз, яъне зиёда аз 3 ҳафта;
2. Баланд шудани ҳарорати баланд баъд аз нимаи дуюми рӯз;
3. Дар балғам пайдо шудани хун;
4. Беқувватӣ, беҳолию бемадорӣ;
5. Шабона бисёр арақ кардан.
Бо мушоҳида кардани нишонаҳои зикршуда дар кӯдакон, фавран ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Табобати кӯдакони ба сил гирифторшуда
Тавре табибон силшинос мегӯянд, вобаста ба шакли беморӣ муолиҷаи кӯдакони ба касалии сил гирифтор аз 6 то 8-моҳ давом мекунад. Кӯдак сили мағзи сар дошта бошад, даҳ моҳ табобат мегирад. Сили шуш одатан дар шаш моҳ шифо меёбад.
Кӯдак дар батни модар аз сил сироят меёбад?
Ҳодисаҳои дар батни модар ба касалии сил гирифтор гаштани кӯдакон хеле кам вомехӯранд. Дар дар он ҳолат сироятёбӣ имкон дорад, ки узвҳои ҳамроҳак ба сил гирифтор шуда бошанд, ва кӯдак дар батни модар оби дохилираҳмиро фурӯ барад.
Зани ба касалии сил гирифторшуда, ба тифлаш шир доданаш мумкин аст?
Табибон ба занҳое, ки ба бемории сил гирифтор мебошанд, тавсия медиҳанд, ки давоми ду ҳафтаи аввали пас аз таваллуд кӯдакро аз худ дур нигоҳ доранд. Модар ҳуқуқи ба тифлаш шир додан дорад, аммо вақти маккондани кӯдак бояд ниқоб - маска пӯшад, то беморӣ ба фарзандаш нагузарад. Дар ин муддат ба кӯдак ваксинаи зидди бемории сил гузаронида мешавад, ва организми тифл ба муқобили ин беморӣ истодагарӣ карда, аз сироятёбӣ дар амон монда метавонад.
Агар модару кӯдак ҳарду ба касалии сил гирифтор бошанд...
Агар модару кӯдак ба касалии сил гирфтор бошанд, табибон барои шаш моҳ ба ҳарду муолиҷа таъин мекунанд. Доруҳоро ду тақсим кардан мумкин нест, чунки онҳо танҳо барои як нафар муқаррар гаштаанд. Бемор, агар доруҳои фармудашударо сари вақт нагирад, шифо намеёбад. Аз ҳамин сабаб, духтур ба модар алоҳида ва ба кӯдак алоҳида доруворӣ таъйин мекунад.
Эмкунӣ ба муқобили сил
Гузаронидани ваксинаи БЦЖ-яке аз роҳҳои пешгирии касалии сил буда, тибқи омори расмӣ 98-99%-и навзодон ин ваксинаро мегиранд. Эмгузаронӣ хавфи гирифтор шудани кӯдакро ба касалии сил хеле кам мекунад. Дар сурати ба ин касалӣ гирифтор шудан низ шахсе, ки дар кӯдакӣ ин ваксинаро гирифтааст, бемориро нисбатан осонтар пушти сар мекунад. Гузаронидани ваксинаи зидди сил дар баробари пешгирии касалии сил, ҳамчунин кӯдакро аз дигар бемориҳои ниҳоят вазнину хавфнок эмин медорад.
Тавсияҳо барои пешгирии сил
Кӯдак ҳар қадар ғизоҳои сервитамин хурад, ҳамон қадар организмаш бақувват гашта, масъунияти баданаш баланд мешавад, аз ҳамин хотир ба модарон тавсия дода мешавад, ки ба фарзандонашон бештар ғизои сервитамин диҳанд. Витаминҳои табиӣ дар таркиби меваю сабзавоти тару тоза бисёранд, барои барқарор кардани организми кӯдак, ва бар зидди бемориҳо муқовимат кардан, имкон медиҳад.
Дар баробари ин, кӯдак бояд бештар дар ҳавои тоза гаштугузор карда, ҳамеша тозаю озода бошад. Ҳар қадаре, ки фарзандатон тозаю тамизшуда, шикамаш серу ҷисмаш пурқувват бошад, ҳамон андоза аз бемории сил дар амон мемонад. Саломатии фарзандонатон дар дасти шумост модарони азиз, кӯдаконатонро ҳамчун гавҳараки чашмонатон эҳтиёт намоед!
Таҳияи Ф. САТТОРӢ