Аксари модарон бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини зуком ва дарди гулӯ ба худтабобаткунӣ гузашта, бидуни машварат намудан бо табиби кӯдакон ва дигар мутахассисон соҳаи тиб ба кӯдак доруҳои зидди шамолкашӣ ва пасткунандаи таб медиҳанд, ҳол он ки дар паси ин аломатҳои ба назар одӣ дигар бемориҳои ҷиддӣ пинҳон буда метавонанд. Бо мақсади ҳифзи саломатии кӯдакон имрӯз мо дар бораи чӣ тавр фарқ кардани ангина аз табларза, дифтерия, мононуклеози сироятӣ ва дигар бемориҳои кӯдаконаи гулӯ, ки хавфнок мебошанд, маълумот медиҳем.
Нишонаҳои асосии ангина
Нишонаҳои асосии ангина инҳоянд:
1. Бодомакҳои гулӯ илтиҳоб гирифта, калон мешаванд
2. Дар бодомакҳо чирк пайдо мешавад, вале онро ба осонӣ бидуни хунравӣ тоза кардан мумкин аст.
3. Сахт дард кардани гулӯи кӯдак
4. Сурхшавӣ ва варам кардани гулӯ
5. Баланд шудани ҳарорати бадан ва таб кардани кӯдак
6. Беҳолию бемадорӣ ва эҳсоси дард дар мушшакҳо
7. Ҳангоми даст расондан дард кардани лимфогиреҳҳои минтақаи гардан.
8. Бар асари баландшавии ҳарорати бадан ба табларза гиритор шудани кӯдак.
9. Вайроншавии кори системаи ҳозима
10. Пайдо шудани нишонаҳои зарҳолудшавии организм
Фарқиятҳои ангина аз дигар бемориҳо
Дар баробари нишонаҳои дар боло зикршуда баъзе аломатҳое вуҷуд доранд, ки дар фарқ кардани ангина аз дигар бемориҳои гулӯ ёрӣ медиҳанд.
1. Паҳншавии чирк берун аз бодомакҳои гулӯ.
Ба гулӯи кӯдак бо диққат назар кунед, агар чирк натанҳо дар бодомакҳо, балки дар дигар қисматҳои гулӯ ва ҳалқ низ вуҷуд дошта бошад, ин аллакай нишонаи фарингити замбурӯғӣ аст.
2. Рехтани оби бинӣ ва атсаю сулфа-ин нишонаи шамолкашӣ ва зуком аст, на ангина. Фарқияти дигар дар он аст, ки ҳангоми ба зӯком гирифтор шудан гулӯ сурх мешавад, вале бодомакҳо чирк намегиранд.
3. Сироятҳои вирусӣ аксар вақт ба девораи қафои ҳалқ таъсир расонида, дар он варам ва гиперемия пайдо мешавад, вале зимни гирифторшавӣ ба ангина илтиҳоб ба девораи қафои ҳалқ намегузарад.
4. Ангина ба узвҳои поёнии роҳҳои нафас осеб намерасонад. Кӯдак сулфа мекарда бошед, ин на нишонаи ангина, балки зӯком аст.
5. Табобат бо антибиотикҳо ҳангоми ангина ва фарингит қариб, ки бесамар аст. Агар дар рӯзи дуюми қабули антибиотикҳои навъи пенициллин ягон сабукӣ эҳсос нашавад, ташхиси такрорӣ лозим меояд.
6. Агар дар баробари дард кардани гулӯ, баланд шудани ҳарорати бадан ва дигар нишонаҳои ангина дар бадани кӯдак доначаҳои сурхак бароянд, ин нишонаи табларзаи арғувонӣ аст.
7. Ҳангоми мононуклеози сироятӣ дар хун миқдори зиёди ҳуҷайраҳои мононуклеарӣ ва ҳуҷайраҳои плазма ошкор карда мешаванд. Бар асари мононуклеози сироятӣ гиреҳҳои лимфотикии тамоми бадан васеъ шуда, ҷигар ва талха калон мешаванд.
8. Нишонаҳои ангина ба дифтерия, ки бемории хатарнок мебошанд, монанданд, аз ҳам ин хотир, барои фаҳмидани он ки кӯдак ба ангина гирифтор шудааст ё ба дифтерия, табибон аз тампончаи махсус барои муайян кардани патогени дифтерия истифода мебаранд. Агар натиҷа ташхис манфӣ бошад, пас кӯдак танҳо ба ангина гирифтор шудааст, вале мусбат бошад, ӯро ҳатман бистарӣ мекунанд. Ҳангоми дифтерия танҳо дар як бодомаки гулӯ чирк ва пардаи сафед пайдо шуда, баъдан ба тамоми ковокии даҳон панҳн мешавад. Онро тоза кардан душвор буда, ҳангоми тозакунӣ гулӯи кӯдак метавонад хунсор шавад. Фарқияти дигараш дар он аст, ки дифтерия бемории маккор буда, дар оғоз сабук менамояд, вале дар муддати кӯтоҳ табби кӯдак бениҳоят баланд шуда, ҳолаташ якбора вазнин мешавад. Дар сурати бепароӣ ва сари вақт кӯдакро ба духтур набурдан дифтерия оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонад.
Чӣ бояд кард?
Маъмулан ангина бо табби баланд аз худ дарак медиҳад, вале барои фаҳмидани он ки кӯдак дар ҳақиқат гулӯдард шудааст ё дар паси аломатҳои он бемории дигаре ниҳон аст, ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Танҳо мутахассис метавонад бо ташхиси дақиқ бемориро аниқ муайян карда, табобати лозимро таъин намояд.