Sebiston new 2024 october
Нисбати собиқ муовини директори Оҷонсии мубориза бо фасод протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд
692

Раёсати корҳои дохилии пойтахт аз ҷаримаи Раҷабалӣ Ширинзода, қудои овозхони маъруф Сурайё Қосимова хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, санаи 13-уми июли соли ҷорӣ шаҳрванд Ширинзода Раҷабалӣ Камол, санаи таваллудаш 07.01.1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Н. Хусрави шаҳри Душанбе ба муносибати оиладоршавии духтараш маъракаи «фотиҳатӯй» бо иштироки хешу таборон ва тақдими туҳфаҳо баргузор намуд.

Гуфта мешавад, ки номбурда бо ин кирдораш талаботи моддаи 12, қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дағалона вайрон кардааст.

“Ҳамзамон, аз ҷониби хешовандони соҳибмаърака бо мақсади худнамоӣ рафти баргузории «фотиҳатӯй» ба навор гирифта шуда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда шудааст, ки ин амали онҳо боиси эроду вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид”,- навиштааст РВКД пойтахт.

Баъди нашри наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ширинзода Раҷабалӣ тибқи талаботи моддаи 481, қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Бояд гуфт, ки навори ин маъракаи фотиҳа дар саҳифаи Фарзонаи Хуршед ва Шабнами Сурайё, овозхонҳои номдор ва духтарони Сурайё Қосимова нашр шуданд. Дар онҳо дида мешавад, ки хонаводаи овозхон, аз ҷумла худаш, духтаронаш Шабнаму Фарзона ва дигар хешовандонаш дар маърака ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, ки ин маросими фотиҳаи Амирҷон, набераи Сурайё Қосимова аст, ки яккаписари духтари калонияш Рӯзигул аст.

Назари Раҷабалӣ Ширинзода ва хонаводааш то ҳанӯз ба ин қазия дастрас нест. Номбурда собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2015 аз ин мақом барканор шуда буд. Ӯ рутбаи генерал дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД