Нисбати мард барои ба худкушӣ расонидани занаш парвандаи ҷиноятӣ кушоданд
184

 

Дар ноҳияи Данғара нисбати як марди 42-сола барои то ба худкушӣ расонидани ҳамсараш парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, мард тӯли чандин сол занашро ҳамеша таҳқир намуда, азоб медодааст. Рӯзи 20-уми январи соли равон байни зану шавҳар боз моҷарои оилавӣ сар зада, мард ҳамсарашро латукӯб кардааст. Зани 39-сола ба фишор ва латукӯби доимӣ тоб наоварда, худро дар анбори манзили зисташон ба дор овехтааст.

Айни замон нисбати гумонбар бар асоси қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то ба худкушӣ расонидан парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД