Ниқоб аз асал барои пӯсти хушк
Асал ба сӯрохиҳои пӯст ворид гардида, садди роҳи бухор шудани намӣ мегардад ва дар натиҷа пӯст ботароват гашта, пайдоиши ожангро пешгирӣ менамояд. Асал хусусияти чандир сохтани пӯст ва таъсири зиддиилтиҳобӣ дорад.
Ниқоби ғизобахш
2 қошуқча асалро бо 1 қошуқ фалла (творог) омезиш дода, 2 қошуқ шири гарм илова кунед. Маҳуҳлро нағзакак омезиш дода, ниқоби омодашударо ба пӯсти рӯй молед. Баъди 10-12 дақиқа бо докаи дар оби ширгарм таршуда ниқобро аз рӯй тоза кунед. Агар пӯстатон хушк набошад, ба ҷои шир ба ниқоб йогурт ва 1 қошуқча шарбати лимӯ илова кунед.
Ниқоб барои пӯсти хушку пӯстпарто
1 қошуқ асалро бо 2 қошуқ шавлаи ҷав (овсяная каша)-и бо шир пухташуда омезиш дода, маҳлули омодашударо ба пӯсти рӯй молида, 10 дақиқа нигоҳ дореду баъдан бо оби ширгарм шӯед.