Ҳар як зан ба зебоиву таровати пӯсти рӯйи худ диққати махсус зоҳир мекунад. Дар фасли тобистон аз малҳами нармкунанда истифода бурдан лозим аст, вале дар фасли тирамоҳ бояд одати худро тағйир дод.
Барои он, ки тирамоҳ чеҳраатонро пажмурда насозад, малҳами сабуки тобистонаро ба малҳами ғизобахш иваз кунед. Ҳар шом пеш аз хоб ба рӯятон малҳами шабона молед, зеро малҳамҳои шабона ба қабатҳои пӯст ғизо мебахшанду норасоии обро ҷуброн менамоянд.
Барои барқарорсозии мувозинаи обӣ дар як рӯз на камтар аз 1 литр об нӯшед. Субҳ ҳангоми рӯйшӯӣ оби минералӣ ё оби ҷӯшидаро истифода баред. Агар дар пӯстатон доначаҳои хурди сурх бошанд, аз мушкоб барои пӯсти хушк (лосьон для сухой кожи) истифода баред.
Ба бонувоне, ки пӯсти рӯяшон дар фасли тобистон ҳам сӯхтаву ҳам доғи безеби пигментӣ пайдо кардааст, молидани ниқобҳои сафедкунандаи пӯстро қабл аз хоб тавсия медиҳем. Ҳар саҳар ба рӯятон ҳатман малҳами аз офтоб ҳифзкунанда молед. Барои пӯсти равғанину омехта ниқоби бодирингӣ мувофиқ аст.
Нармкунонии пӯст бо ниқоб
Пӯсти дар офтоб сӯхташуда ба ниқобҳои витаминдор ниёз дорад. Бо истифодаи ниқоби ғизобахши аз сабзӣ омодашуда пӯстро мулоим карда метавонед. Як қошуқча шарбати сабзиро бо як қошуқ маргарини обшуда омехта карда, ба рӯятон моледу 10-15 дақиқа нигоҳ доред. Дар тирамоҳ ниқобҳо бояд равғани ғизобахшу нармкунанда дошта бошанд, хусусан барои пӯсти хушк. Моҳи ноябр ба пилингҳои гуногун рӯй овардан мумкин аст. Барои беҳбудии ҳолати пӯст дар баробари нигоҳубини косметикӣ витамини А бояд истеъмол намуд.
Ғизои витаминиро ин тавр тайёр кунед: ғулинг, мавиз, анҷир, чормағз ва лимӯро аз гӯштқиммакунак гузаронеду мувофиқи табъ асал илова карда, ба бонкае бардошта, даҳонашро маҳкам кунеду дар яхдон нигоҳ доред. Аз ин ғизои хушбӯй рӯзе якқошуқӣ се бор тановул намоед.
Инчунин, барои солиму ҷавону зебо мондан бояд хоби бароҳат равед, чунки хоб ба шахс рӯҳу равони болида мебахшад ва орагнизм низ хуб истироҳат мекунад. Бештари вақт ҳаракат кунед ба варзиш машғул шавед, бисёртар пиёда роҳ гардед, зеро фаъолияти ҷисмонӣ яке аз омилҳои бартарафсозии хатари инкишофи бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва саратон мебошад.
Дар ҳавои тоза бештар ба сайругашт бароед. Аз сайругашт лаззат мебаред ва фоида ба даст меоред. Роҳ рафтан имконият медиҳад, ки баданатонро дар тӯли умри худ бардаму солим нигоҳ доред.