Ниқобҳои зерин барои нафароне тавсия дода мешавад, ки мӯйҳояшон гул мекунанду мерезанд, сабӯсак доранд ва зудшикан ҳастанд. Дар сурати мунтазам истифода бурдани ин ниқобҳо мӯятон пурҷилло ва мустаҳкам мегардад.
Ниқоб аз равған
Равғани гармкардашудаи мушхор ё зайтунро ба мӯй молида, бо салафан маҳкам кунеду баъдан бо сачоқ печонед ва як соат нигоҳ доред. Баъдан мӯятонро бо шампун шӯед. Ниқоби мазкур барои мӯйҳои осебёфта беҳтарин даво аст.
Ниқоб бо гиёҳҳои табобатӣ
Як қошуқӣ гиёҳҳои бобуна, чойкаҳак (зверобой) ва гиёҳи газна (крапива)-ро бо 200г равғани растанӣ омезиш дода, як ҳафта нигоҳ доред. Баъдан онро аз дока полонида, ба мӯйи сар молед ва як соат нигоҳ доред. Сипас мӯятонро бо шампун шӯед.
Ниқоб аз зардии тухм
Зардии тухмро бо ягон равғани растанӣ омезиш дода, сипас ба он каме оби ширгарм илова кунед. Маҳлули омодашударо ба мӯй молида, ним соат нигоҳ доред. Баъдан мӯятонро бо оби бо сирко ё шарбати лимӯ омехташуда шӯед.
Ниқоб аз асал ва пиёз
Пиёзро аз тарошак гузаронида, бо асал ва равғани растанӣ омезиш диҳед. Маҳлули омодашударо дар мӯятон як соат нигоҳ дошта, баъдан шӯед. Асал ба мӯй таъсири муфид дораду пиёз ба решаи мӯй.
Ниқоб аз равғани зағир ва арақ
Миқдори баробари арақ ва равғани зайтунро омезиш дода, ба мӯйҳоятон молед ва бо сачоқ печонида, гарм нигоҳ доред. Баъди як соат саратонро бо шампун шӯед.
Ниқоб аз шафтолу
Дилаи шафтолуро бо шир омезиш дода, ба мӯятон молед. Маҳлули мазкурро ба мӯятон молида, ним соат нигоҳ дореду баъдан шӯед. Ниқоби мазкур барои сабӯсаки сар беҳтарин даво аст.