Мӯй дар мавсими тобистон нигоҳубин ва ниқобҳои махсусро талаб мекунад. Муҳим аст, ки тарзи дурусти нигоҳубини мӯйро омӯзем.
Дар назари аввал ниқоби мӯй соддатарин маҳсулоти зебоӣ ба назар мерасад, ки он мӯйро намнок мекунад ва ғизо медиҳад. Аммо барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ, ҳангоми истифодаи он нозукиҳои зиёдеро ба назар гирифтан лозим аст. Пеш аз ҳама бояд тарзи истифодаи онро донист. Тарзи шустан ва ба кадом намуди мӯй мувофиқ будани ҳар як ниқобро низ донистанамон лозим аст.
Бештар ба мӯй ниқоб ва малҳамҳои намноккунанда ва ҳамворкунанда молидан хуб аст. Истифодаи фен, утюг ва дигар воситаҳои техникии ороишӣ боиси сӯхтан ва камқувват гаштаву рехтани мӯйи сар мегарданд.
Оби биринҷ мӯйро ҳамвор ва дароз мекунад
Як каф биринҷро дар як литр об ҷӯшонед ва монед ширгарм шавад. Саратонро тоза шуста, баъд 0,5 литр оби биринҷро ба торҳо ва решаҳои мӯй рехта, шона кунед. Оби биринҷ ба мӯй ғизо медиҳад ва кокулони шуморо ҳамвор карда, ба дароз шудани мӯй мусоидат менамоя.
Пиёзи сурх барои ғафс кардани мӯйи сар
1 дона пиёзи сурх, 1 дона сирпиёз ва 1 қошуқ кофе гирифта, пиёзи сурхро аз тарошак мегузаронем, сирпиёзро майда реза карда, ба пиёз ҳамроҳ мекунем. 1 қошуқ кофе илова карда, дар оташи паст каме меҷӯшонем, сипас, дар зарф гирифта, ба мӯй мепошем ва муддати 1 соат нигоҳ медорем, то ба решаҳои мӯй асар кунад. Пасон бо шампун саратонро бишӯед.