Arzon march 2024
Ниқобҳои хонагӣ барои халосӣ аз ожангҳои рӯй
846

 

Равоншиносон мегӯянд, занҳо аз пирӣ бештар аз марг метарсанд. Дар ҳақиқат ҳар як зан мехоҳад ҳамеша ҷавон, зебо ва дилкаш бимонад, вале хоҳ-нохоҳ гузашти умр таъсири худро дар чеҳра ва зоҳири инсон боқӣ мегузорад.

Барои пешгирӣ аз пирии барҳамал зан бояд пӯсти худро ҳамеша хуб нигоҳубин намояд. Мо ба шумо-бонувони азиз чанд ниқоби оддии хонагиро тавсия медиҳем, ки барои халосӣ аз ожангҳои рӯй ва пешонӣ ёрӣ мерасонанд.

Ҷавон мондан мехоҳед?

Ҷавону зебо мондан хоҳед, пӯсти рӯятонро дуруст нигоҳубин намоед. Барои ин, шумо бояд воситаҳои косметикиро мувофиқи синну солатон интихоб намоед. Ҳар субҳ рӯятонро тоза шуста, малҳами рӯзонаи ҳифзкунанда молед ва шабона молидани малҳамҳои нармкунанда ва ғизобахшро фаромӯш накунед.

Бештар аз малҳамҳое истифода баред, ки дар таркибашон коллаген ва ҷавҳари гиалурон дошта бошанд. Метавонед ҳамчунин ниқобҳои косметикии поккунанда, ғизобахш ва боиси пӯст партофтани рӯй мегаштаро ба кор баред.

Ниқоби ширию картошкагӣ

Ретсептҳои тибби халқиро, ки бар зидди ожанги рӯй ҳастанд, истифода бурда, шумо метавонед бо роҳи хеле осон ҷавониатонро нигоҳ доред. Яке аз давоҳо барои ҷавонию солимии пӯст картошкаи бо шир омехташуда мебошад. Ниқоби мазкур мушакҳои пӯсти рӯйро қавӣ месозад. Картошкаро бо пӯсташ дар об пухта кӯбед. Ба картошка як қошуқча равғани зайтун ё глитсерин, шир ё қаймоқ (сметана) илова карда, малҳамро ба рӯятон моледу маҳс кунед. Ниқобро боз ба рӯятон молида, бо обчинак (салфетка) пӯшонеду 20 дақиқа мунтазир шавед.

Малҳам –мушкоби асалӣ

Барои малҳам 1 қошуқча асал ва 100 мл саршир (сливки) лозим аст. Асалу сарширро то яклухт шуданаш омезеду як қошуқ шарбати лимӯ ва як қошуқ оби муқаррарӣ илова кунед. Малҳам –мушкобро бегоҳ барои пок кардани пӯстатон ба рӯй молед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД