Ниқоби асалӣ
Яке аз беҳтарин ниқобҳои табиӣ ниқоби асалӣ ба шумор меравад. Дар тамоми фасли сол ба рӯй молидани асал пӯстро шодоб намуда, аз пиршавии бармаҳал муҳофизат мекунад. Ниқоби асалии баҳорӣ аз чанд ҷузъи муфид омода шуда, барои рафъи хушкӣ ва хастагии пӯст кумак мерасонад.
Як қошуқ асал, беҳтараш асали зерфун (липовый) бо каме ҷавпора омехта карда мешавад. Баъдан ба он чанд қатра шарбати лимӯ ва як қошуқча равғани зайтун илова намоед. Ниқобро ба рӯю гардан молида, 15 дақиқа нигоҳ доред. Сипас сачоқи тозаро дар оби гарм тар карда, чанд дақиқа болои рӯй гузоред. Баъд ниқобро бо оби ширгарм шуста, ба пӯст малҳами нармкунанда молед. Ин ниқобро беҳтараш пеш аз хоб, ҳафтае 2–3 маротиба истифода баред.
Гиёҳниқоб
Ниқобҳои гиёҳӣ пӯстро ором сохта, сурхӣ ва сӯзиши онро кам мекунанд. Ҳафтае як маротиба истифода бурдани чунин ниқоб барои пӯст бисёр муфид аст.
Як қошуқча мармарак, ду қошуқча лаванда ва ҳамин миқдор бобунаи хушкро дар ӯғурак кӯфта, ба болояш каме оби ҷӯш резед ва як дақиқа дам диҳед. Ниқоби тайёршударо ба рӯю гардан молида, бо сачоқи тунук 20 дақиқа пӯшонед. Сипас рӯятонро бо оби ширгарм шуста, малҳами ғизобахш ё нармкунанда молед.