Ниқоби сабзигӣ барои пӯсти равғанину наракдор муфид аст. Сабзии аз турбтарош гузаронидаро бо зардии тухми хом, 1 қошуқча равғани растанӣ ва 1 қошуқча орди ҷав омезед. Маҳлулро ба рӯю гарданатон молида, баъди 15 дақиқа шӯед. Ниқоб пӯсти дар офтоб тирагаштаро равшан месозад ва чеҳраро ботароват месозад.
Ниқоб аз лаблабу
Ниқоби лаблабугӣ барои беҳтар сохтани ранги рӯй тавсия дода мешавад. Рухсораву гарданро бо пораҳои лаблабу молиш дода, сипас малҳами нармкунанда (увлажняющий крем) тунук молед. Баъди 10 дақиқа малҳамро тоза кунед.