Ин ниқоб барои пӯсти хушку пажмурда ниҳоят муфид аст. Бодирингро аз турбтарош гузаронида, бо сафедии тухм омезиш диҳеду ба рӯятон молед.
Ин ниқоби сервитамин рӯйи шуморо мулоим ва пӯстатонро сафед мекунад.
Бодирингро тунук бурида, ба рӯятон часпонед ҳам, чеҳраатонро тароват мебахшад. Барои нест кардани доғи кунҷитак ва доғҳои пигментӣ ин ниқоб ба маврид аст: пораҳои бодиринги пӯсткардаву резаро дар ҷурғот тар кунеду як соат ба яхдон гузоред.
Ин ниқобро шабона ба рӯятон молида, то саҳар нашӯед.
Пӯсти пажмурдаро маҳлули аз як қошуқ бодиринги аз турбтарош гузаронидашуда ва 1 қошуқ асал омодашуда ботароват месозад.
Чунин ниқобро ҳафтае 1-2 бор омода созед. Онро ба рӯятон молида,