Sebiston new 2024 october
Никоҳи маҷбурӣ танҳо бахбахтӣ меорад
1472



Ману шавҳарам муддати 6 сол бо ҳам зиндагӣ кардем. Шавҳарамро волидонам интихоб карда буданд.

Шаби арӯсӣ шинос шудему ӯро сахт дӯст доштам. Ӯ бошад, аз соати аввали домодиаш ба ман гуфт, ки дигареро дӯст медораду танҳо ба хотири волидайн маро гирифтааст.

Хушдоманам одами хеле хуб буду насиҳат мекард, ки “духтарам, тоқат кун, фарзанд таваллуд кунӣ, туро дӯст хоҳад дошт”. Аммо ин ҳама тоқат карданҳо меваи ширин надод. Оқибат шавҳарам ба ман гуфт, ки дигар тоқати дидани рӯйи маро надораду мехоҳад ҷудо шавад.

Хуллас, ман гирёну ӯ хандон ба идораи ақди никоҳ рафта, аризаи ҷудошавӣ навиштем. Он лаҳза барои бахти сӯхтаам, барои фарзанди бе падар мондаам зор-зор мегиристам.

Шавҳарам маро бо писарчаам ба хонаи падарам оварду гуфт, ки барои парастории писараш каму беш кӯмак мекунад. Баъди ҷудоӣ аз шавҳар касали руҳӣ шудам. Муддати ду сол ҳеҷ ба худ намеомадам. Ҳушу хаёлам ба шавҳарам банд буд. Тӯйи зангириашро фаҳмида, даст ба худкушӣ задан хостам.

Танҳо баъди рӯ ба тоату ибодат овардан ӯро кам- кам фаромӯш кардам. Хеле сахт буд бахти аввалро фаромӯш кардан, бовар кунед. Имсол ба худ омада, ба кор даромадам. Ба донишгоҳ дохил шудам. Баъди соли нав маъракаи арӯсӣ дорам. Бо розигии падару модар ба як ҷавони занмурда, ки ду духтарча дорад, ба шавҳар мебароям.

Ба падару модарон гуфтаниям, ки фарзандонатонро зӯран хонадор накунед, зеро никоҳи маҷбурӣ ба касе хушбахтӣ намеорад.
Парвинабону

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД