Ишқро шоирон шуълаи субҳи саодат ва беҳтарин бахшиши қисмат медонанд. Оре, ҳамаи мо низ медонем, ки маҳз ҳазрати ИШҚ дунёро дар назари мо дигаргуна ҷилва медиҳад. Аслан муҳаббат айёми гулрези ҷавонӣ панҷа ба дарҳои дили ҳар нафари мо мезанад.
Касе, ки ин эҳсоси олиро аз сар гузаронидааст, медонад он чӣ муъҷизоте дорад. Барои ошиқ муҳим нест, ки дӯстдори ӯ кист, чӣ мақому мартаба дорад, фақат як сӯҳбат, дидор ва дар паҳлӯи ӯ будан кофист. Барои ошиқ миллату мазҳаб ва сатҳи иҷтимоию молиявии зиндагии азизаш аҳмият надорад, ҳамин кофист, ки ӯ ҳамроҳаш бошад. Тамоми талошу муборизаҳои дӯстдорон бо як мақсад аст, расидан бо ҳам, оила барпо намудану дар сояи муҳаббати беназир тарбияи тифлакони зебо..
Дунёи дигар
Ин орзую ҳавас ва сохтани қасри тиллоии орзуҳо дар бисёр ҳолатҳо то издивоҷдавом мекунад, баъд сар мешавад зиндагӣ! Ҳаёти воқеӣ дунёи тамоман дигар аст ва сари ҳар қадам навхонадоронро мушкили равонию молӣ пеш меояд ва танҳо он нафаре дар имтиҳони зиндагӣ ғолиб меояд, ки сабру таҳаммулро шиори хеш созад. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки сабр ба нобасомониҳои зиндагӣ танҳо кори зан аст, вале ҳаргиз ин тавр нест, мард низ бояд сабур бошад. Дар зиндагии рӯзмара воқеоти зиёдеро мушоҳида мекунем, ки ошиқони то дирӯз шайдо чун ба ҳам хонадор шуданд, он қадар ба мушкилоти он фурӯ мераванд, ки дӯстдориҳо дигар барояшон чун хобу хаёле аз гузаштаи дуру ширин менамоянд, хотира мешаванд. Наход издивоҷохири ишқ бошад?
«Занги аввал»
Дар пешорӯи зиндагии оилавӣ ду нафари ба ҳам хеле наздик дармонда, баъд мефаҳманд, ки дунё чист? Зеро дар давраи ошиқиҳо онҳо ба ҳамдигар танҳо аз пушти айнаки сабз нигоҳ мекарданду айбу гуноҳи ҳамдигарро намедиданд. Аввалин моҷароҳои оилавӣ байни навхонадорон аз эродҳои оддии ҳамдигар сар мешаванд, муносибат бо хоҳаршӯ ё хушдоману хусурро мо як сӯ мегузорем. Аввалин саволҳои арӯс дар заминаи рашк пайдо мешаванд: Чаро ту дер ба хона меоӣ? Бо телефон бо кӣ гап мезанӣ? Паёмаки ба телефонат омада аз кӣ буд? Чаро аз ту бӯи атри занона меояд? Чун мард аз фарти ҷавонию ноогоҳӣ ба саволҳои арӯсаш ҷавоби муносиб надода, дағалӣ мекунад, сар мешаванд моҷароҳои оилавӣ. Ин «занги аввал» аст, ки шуморо аз буҳронҳои ҳаёти оилавӣ бохабар месозад.
Ҷавонӣ рафт!
Бо гузаштани панҷ- шаш соли зиндагӣ айнаки сабзи дӯстдориҳо аз чашм меафтад. Акнун зану мард ҳамдигарро ҳар рӯз мебинанд, агар дар воқеъ ишқашон ҳақиқист, дастгиру мададгори якдигар мемонанд, агар не, ба «сангар»-ҳо ҷудо мешаванд. Маҳз дар ҳамин давраҳо ҷудошавии оилаҳо зиёдтар ба назар мерасад, чун ҳамсарон ба машғулияте банданду ҳар ду фақат дар фикри ободони лонаи хеш, пас ояндаи хубе онҳоро дар пеш аст. Агар не, ҷангу моҷаро онҳоро домангир аст ва бадбахтона, ин ба рӯҳияи фарзандон бе таъсир нахоҳад монд. Фарзандони волидайне, ки аз бемаърифатӣ сояи якдигарро аз девор метарошанд, бетарбия ва асабӣ ба воя мерасанд.
Чароғи хона
Дар ин давраҳои хеле ҳассос зани боандеша «ман»-и худро наҷуста, аз пайи пойдории оилааш кӯшиш мекунад, зеро мардон табиатан ин гуна масъулиятро бар дӯш гирифтан намехоҳанд. Муҳимтарин омили ба даст овардани дили шавҳар ин муносибати хуб бо шавҳар аст. Баъзе занҳо аз шавҳарашон хафа шуда, дигар бо эшон гап намезананд, ин хатои хеле бузург аст. Барои шумо душвор ҳам бошад, бояд қадами аввалинро дар оштӣ гузоред, зеро абрӣ ё хуршедӣ будани фазои хонадон дар аксари ҳолатҳо аз бонувон бастагӣ дорад. Ҳиссиёти манфиятонро як тараф партоед, зеро танҳо гуфтугӯи ором метавонад, масъалаҳои оиладориро ҳал кунад.
Ҳамдигарфаҳмӣ
Зану мард бояд интихоби якдигарро дар ҳама ҷиҳат дастгирӣ кунанд, ҳаргиз фикри худро дар интихоби либос, маҳсулоти хӯрокворӣ ё ҷиҳози хона аввалину беҳтарин нашуморед. Ба ҳамсар низ иҷозати баёни фикрашро додан лозим аст. Ин муҳимтарин омили якдигарфаҳмист, яъне худро аз ҳамсаратон боло ва доно нагузоред. Ин омил танҳо хоси волидайн бояд набошад, дар баъзе ҳолатҳо фикри фарзандонро низ фаҳмидан хуб аст.
Султони қалб
Мардон баъзан ҳайрон мешаванд, ки чаро зани замоне ошиқу шайдои ӯ дигар шудааст? Ҷавоб ба ин савол хеле оддӣ аст:-Занони хубро дӯст доред ва барояшон ҳарфҳои муҳаббатомезро дареғ надоред. Зан бояд худро дӯстдору мақбул эҳсос намояд, ба маликаи қалбатон тӯҳфаҳо бахшед, то султони қалбаш боқӣ монед! Кӯшиш кунед то ба ҳамдигар лаҳзаҳои шодмонӣ ҳадя созед, ин кори мушкил нест. Чун аз кор баргаштед, ҳама эҳсоси манфии аз коргоҳу кӯча бардоштаатонро беруни дар гузоред ва бо ханда вориди хона шавед. Ин худаш як лаҳзаи шодиест, ки шумо ба хонаводаатон мебахшед.
Ишқ намемирад
Барои нигаҳдории ишқ, ин эҳсоси олии инсонӣ талош варзед, ба тамоми каму кости зиндагӣ нигоҳ накарда, бо ҳам меҳрубон бошед. Агар аз ҳамдигар малол шудаед, натарсида аввалин шуда, бахшиш пурсед ва аз шумо низ бахшиш хоҳанд пурсид. Наздикони ҳамсаратонро ҳурмату эҳтиром намоед, бо онҳо муносибатҳои хуб кунед, ҳатто агар онҳо ба шумо маъқул ҳам набошанд. Охир онҳо оилаи шумо ҳастанд, шумо ин муносибатҳоро ҳифз карда, оилаатонро ҳифз хоҳед кард! … Ва ҳеҷгоҳ аз ёд набароред, дар ҷое, ки меҳру шафқату одамгарӣ ҳаст, ишқ намемирад!
Ҳилола