arzon replenishment
Нигоҳубини дастон дар фасли зимистон
1204


Шояд шумо шунидаед,ки синну соли занро аз руйи дастонаш фаҳмидан мумкин аст. Барои солим ва ботароват мондани дастони худ бонувон бояд даст ва нохунҳояшонро мунтазам нигоҳубин намоянд.

Зимистон-душмани даст

Дар фасли сармо дастони мо бештар зери хатар қарор мегиранд, зеро шамол ва ҳавои сард дар муқоиса бо офтоб пӯстро зудтару бештар хушк мекунад. Вақте аз кӯчаи хунук ба хонаи гарм медароем ё баръакс, ин ҳолат ба пӯсти дастон бетаъсир намемонад. Барои он ки дастони нозук ва зебои шумо ба дасти кампири 80-сола монанд нашаванд, дар чунин ҳолатҳо бояд аз малҳами муҳофизаткунандае, ки махсус барои дастон пешбинӣ шудааст, истифода баред.

Мӯъҷизаи малҳам

Малҳамҳои муҳофизаткунанда қабати ноаёнеро ба вуҷуд меоваранд, ки пӯст тавассути он нафас мегирад ва ҳамчунин оби табии худро нигоҳ медорад. Малҳамҳои махсус барои даст, ки дар таркибашон глитсерин, муми занбӯр, равғани зайтун, какао ва дигар гиёҳҳои шифобахшро доранд, дар дастҳо пардаи тунукеро ба вуҷуд меоранд, ки дастони шуморо аз таъсири бади шамол, сармо ва оби хунук эмин нигоҳ медорад.

Тарзи дурусти нигоҳубини дастон

Пӯсти дастони шумо ҳар рӯз ба стресс дучор мешаванд, хусусан вақте ки ҳарорат аз сифр паст мешавад. Агар шумо ба нигоҳубини дастони худ беэътиноӣ кунед, ба зудӣ оқибатҳои бадашро эҳсос хоҳед кард: тарқишҳо, хориш, сурхшавии пӯст.

Барои пешгирии ин ҳолат ҳар саҳар дастонатонро бо оби ширгарм шуста, баъдан малҳам молед. Ин амалро рӯзе чанд маротиба такрор кардан лозим аст.

Пеш аз ба кӯча баромадан малҳам молиданро фаромӯш накунед. Тавре ки гуфтем, малҳами муҳофизаткунанда пӯсти дастонро аз таъсири бади шамол ва хунукӣ муҳофизат мекунад.
Дастпӯшак пӯшиданро фаромӯш накунед.
Шаб пеш аз хоб ҳатман ба дастонатон малҳами ғизодиҳанда молед.

3-мушкили даст дар зимистон

Чаро пӯсти дастҳо ва бадани мо дар фасли зимистон ба диққати иловагӣ ниёз дорад?

1) Ҳавои сарди хушк боиси халалдор шудани кори қабати муҳофизатии пӯст мегардад. Дар натиҷа, сатҳи пӯст камтар маводи ғизоӣ мегирад, ки боиси хушкшавӣ ва пӯстпартоӣ мегардад.

2) Омили дуюми ангезанда оби гарм аст. Ҳарорат пасттар бошад, об дар ҳаммом ҳамон қадар гармтар мешавад. Бисёриҳо дастонашонро дар ин фасли сол бо оби қариб ҷӯшон мешӯянд. Барои нигоҳ доштани фаъолияти мӯътадили қабатҳои болоии пӯст, муҳим аст, ки дастҳои худро бо оби ширгарм шӯед.

3) Омили сеюм зуд-зуд шустани дастон бо собун аст.

Ҳавои даруни хона, ки аз гармӣ хушк мешавад, инчунин боиси хушкии пӯст ва тарқишҳои дасту рӯй мегардад, аз ҳамин хотир дар фасли зимистон дастонатонро хуб нигоҳубин намоед, то ки ҷавон ва зебо бимонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД