Formula novemver 2024
Нигини саҳнаи тоҷик
3092


Имрӯз яке аз зеботарин бонувони саҳнаи эстрадаи тоҷик, маликаи ҳунар Нигина Амонқулова ҷашни милод дорад. Ин зебосанами фариштарӯю фариштахӯй бо садои мисли чаҳ-чаҳи булбул ширин ва оҳангу таронаҳои ҷаззобаш дар дили ҳазорон-ҳазор ошиқони савту наво маъво гирифтааст.

"Аз ҳамин хотир мо қарор додем дар рӯзи мавлуди ин фариштаи ҳунар назаре ба зиндагиномааш андозем. Нигина Амонқулова- 30-юми январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст".

Ин бонуи ҳунар дар ҳамин шаҳри бостонӣ ба воя расида, баъди хатми мактаби миёна ба коллеҷи тиббии Панҷакент дохил мешавад, ваел баъдантақдир Нигинаро ба роҳи дигар бурда, санъаткор кард.

Қадамҳои аввалини Нигина Амонқулова ба ҷодаи санъат аз озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб” оғоз ёфтааст. Як таронаи дилнавозе, ки Нигина дар ин озмун суруда буд, роҳи ӯро ба ҷодаи ҳунар боз карда, дар як муддати кӯтоҳ Нигина Амонқуловаро ба қатори ситораҳои санъати тоҷик дохил карда, маъруф ва маҳбуби ҳамагон гардонд.
Айни замон Нигина Амонқулова яке аз беҳтарин сарояндагони тоҷик бу шумор рафта, мухлисони сершумори хуро дорад.

Ин бонуи сар то по ҳунар соҳиби ду писар мебошад.
Таронаҳои Нигина Амонқуловаро дар сегменти ютуб миллионҳо нафар тамошо карда ба ҳунари воло ва овози форами ин сароянда аҳсану офарин мехонанд.

Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ Нигина Амонқуловаро бо ҷашни милодаш сидқан муборакбод гуфта, ба ин сарояндаи маъруф ва маҳбуб парвозҳои аз ин ҳам баландтари эҷодӣ таманно менамоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД