Имрӯз тамоми ситораҳои ҷаҳон аз тарси гирифтор нашудан ба вируси навъи COVID-19 худро дар хона карантин карда, аз эҷоду ҳунарнамоӣ ба куллӣ даст кашидаанд.
Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, ҳатто чанде аз ҳунармандону овозхонҳо ба «коронавирус» сироят ёфта, бархеи онҳо қурбони ин беморӣ низ шуданд. Хушбахтона, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятшавӣ ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст ва Нигина Амонқулова, овозхони эстрадаи тоҷик мекӯшад, ки зиёдтар эҷод кунад ва дар баробари ин, дар канори фарзандони нозанинаш бошад. Бону Амонқулова расми кӯдакии худу писари хурдиаш Довудҷонро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр карда, аз корбарони саҳифааш пурсидааст, ки оё онҳо ба ҳам монанданд? Наздики 500 нафар мухлисони овозхон, аз ҷумла шоир Орзу Исоев, овозхон Беҳрӯз Зеваров ва дигар чеҳраҳои шинохта тасдиқ кардаанд, ки дар ҳақиқат Довудҷон ба модараш монандӣ дорад. Овозхон чанд расми дигарро аз лаҳзаҳои сайру саёҳати худу фарзандонаш дар боғҳои Душанбе нашр карда, ба мухлисонаш чанд тавсия пешниҳод кардааст. «Биёед, ҳамаи мо кӯшиш кунем, ки имрӯз хушбахт бошем, ҳарчанд ин кори осон нест. Биёед, ҳар як нафаси кашидаамонро қадр кунем. Ва ниҳоят, бигзор ман мақолаву хабарҳои манфиро камтар хонам ва худро рӯҳафтода накунам. Ва албатта, саломатии худро фаромӯш накунед, эҳтиёт ва боз ҳам эҳтиёт кунед. Хонаҳои худро поккорӣ карда, истироҳат кунед»,-навиштааст, Нигина Амонқулова. Овозхон дар бораи ҳаёти оилавии худ чун дигар ситораҳо ҳарф заданро дӯст намедорад. Вале ба мо ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ аз издивоҷи аввал як писар бо исми Аъзамҷон ва аз издивоҷи дувум бо номи Довудҷон як писари дигар дорад. Ба ҳар ҳол, ӯ хушбахт ва аз сарнавишти худ розӣ аст.