Нигина Амонқулова сарояндаи машҳури тоҷик бори аввал дар Instagram бо мухлисонаш сӯҳбат кард.
Ситораи санъати тоҷик дар сторисаш дар Instagram ба саволҳои сершумори ҳамватанони хеш посух дода, сабаби дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол набуданашро шарҳ додааст. Ба гуфти сароянда барояш пост кардани акси нав ё суҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр кори душвор аст.
"Ман бисёр шармгин ҳастам, бароям бисёр мушкил аст пост кардани акс", - гуфтааст Нигина Амонқулова.
Сароянда ҳамчунин ба саволҳои мухлисон дар бораи консертҳояш посух гуфта, қайд кард, ки нақша дорад консерти зиндаи худро дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузор кунад.
Дар посухи суоли мухлисон дар бораи ворид кардани дигаргунӣ ба андомаш сароянда гуфт, ки ӯ аз ҳусни модарзоди хеш розист ва аслан намехоҳад чизеро дигар кунад.
Нигина Амонқуловаро дар эфир бештар бо пероҳани атлас ё адрас мебинанд. Сароянда мегӯяд, куртаҳояшро вай ҳар сол "ба онҳое, ки даркор ҳастанд", тақсим мекунад.
Дар охири сӯҳбат ин сарояндаи номдор мухлисонашро бо фаро расидани фасли баҳор, иди Модарон ва Наврӯз муборакбод гуфта, ваъда дод, ки минбаъд чунин сӯҳбатҳоро бештар мекунад.
Ёдрас мешавем, ки Нигина Амонқулова 15 сол мешавад, ки рӯи саҳнаи эстрадаи тоҷик аст. Ӯро мардум бо сурудҳои лирикӣ ва пироҳанҳои зебои миллиаш мешиносад.