Ҳамлагари мунтахаби Бразилия - Неймар пас аз ҷароҳат пурра барқарор шуда, метавонад дар бозии навбатии дастааш дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ба майдон барояд. Дар ин бора сармураббии мунтахаби Бразилия Карло Анчелотти хабар додааст.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, “Неймар метавонад бозӣ кунад. Ӯ хеле хуб тамрин мекунад ва пурра омода аст. Ман аз ҳолати ӯ хеле қаноатмандам”,- гуфтааст Анчелотти, ки суханонашро рӯзноманигори маъруф Фабритсио Романо нашр кардааст.
Неймар ду бозии аввали мунтахаби Бразилияро дар Ҷоми ҷаҳон аз даст дода буд. Сабаби ин ҷароҳати дараҷаи дуюми мушаки соқи пойи рост буд, ки боиси кандашавии нахҳои мушак ва варам гардида, табибон ба ӯ иҷозаи ба майдон баромадан надода буданд.