Sebiston new 2024 october
Нерӯгоҳи«Себзор» Бадахшонро бо барқ таъмин месозад
05.11.2024
Оила
229

 

Бо бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқтидори умумии ширкати «Помир энерҷӣ» 25 фоиз баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба 220 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтар хоҳад шуд. Дар ин хусус зимни шиносоии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» иттилоъ дода шуд.

Тавре ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст, дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» корҳо тибқи реҷаи муқарраршуда идома доранд. Айни замон аз ҷониби коргарону мутахассисони ватанӣ сохтмони сарбанди неругоҳ, дарвозаҳои обпарто, иншооти обтозакунӣ, толори мошинҳо ва дигар қитъаҳои иншоот идома дорад.

Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани 3 агрегат бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт фаъолият менамояд.

Дар доираи барномаҳои иҷтимоии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуда, мумфаршнамоӣ ва чароғонкунии 4 километр роҳи мошингард, инчунин бунёди як мактаби замонавӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД