goodwell
Нерӯгоҳи офтобии Ашт дар 10 рӯз беш аз 2 миллион кВт·соат барқ истеҳсол кард
31.08.2026
Оила
48

Нерӯгоҳи офтобии Ашт дар 10 рӯз беш аз 2 миллион кВт·соат барқ истеҳсол кард
Нерӯгоҳи барқи офтобии ноҳияи Ашт дар давоми 10 рӯзи фаъолияти худ беш аз 2 миллион кВт·соат неруи барқ истеҳсол намуда, онро ба шабакаи барқии кишвар интиқол додааст.
Ин нишондиҳанда аз оғози фаъолияти нерӯгоҳ ба даст омада, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар кишвар тақвият мебахшад.
Неругоҳи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ ба ҳисоб рафта, барои афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби энергияи офтоб ва таъмини устувори шабакаи барқии кишвар мусоидат мекунад.
Фаъолияти нерӯгоҳ ҳамчунин метавонад ба кам кардани вобастагӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия ва рушди энергетикаи сабз дар Тоҷикистон замина гузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД