goodwell
Некрӯз Салимов рақобатро дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 бо пирӯзӣ оғоз кард
23.09.2026
Oila.tj
112

Дар рӯзи чоруми Бозиҳои Осиёӣ-2026, ки дар шаҳрҳои Айчи ва Нагояи Ҷопон идома доранд, муштзани тоҷик Некрӯз Салимов дар вазни то 80 кг рақобати аввалини худро бо пирӯзӣ оғоз кард.

Салимов дар нахустин рақобаташ бар намояндаи Туркманистон Абдураҳмон Юклюмов ғолиб омад. Доварон пирӯзии муштзани тоҷикро бо қарори якдилона ва ҳисоби 5:0 муайян карданд. Бо ин натиҷа Некрӯз Салимов ба марҳалаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ҳарифи навбатии ӯ намояндаи Ҳиндустон Анкуш хоҳад буд.

Некрӯз Салимов 26-уми майи соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, дар риштаи бокси касбӣ ва поп-ММА бо лақаби «Удав» маъруф мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД