Arzon march 2024
НЕКРӮЗ ПАДАРАШРО ИНФАРКТУ МОДАРРО ҶИГАРХУН КАРД
3629

 

Ману шавҳарам 10-сол дар ҳасрати фарзанд сӯхтем. Дар ин муддат ҷои нарафтаву кори накардаамон намонд. Овозаи кадом табиб ё духтари номдорро шунавем, сарамонро ба санг зада, ҳатман ба наздаш мерафтем. Худованд ягон бандаи дўстдорашро ноумед намекардааст, ниҳоят баъди солҳои дарози интизорӣ нахли умри ману шавҳарам бор оварда соҳиби писарчаи дўстрўяке гаштем.

Забонамон баъди писардор шудан дар назди хешу табору ҳамсояҳо дарозу аз таънаи янгаву авсунҳоям халос шудам. Ёдам ҳаст, чи тавр хонаамон баъди тавлиди писарам ба тўйхона табдил ёфта буд. Ба мардуми маҳалла ба шарофати писардор шуданамон чанд рўз оши тўёна додем. Хешу табори шавҳарам, ки тўли чандин сол қадамашон аз даргоҳи мо канда буданд, дубора ба хонаамон омаданд ва бо узру маънӣ писарчаамро оғўшкунон муборакбодӣ намуданд.
Бо маслиҳати пирон писаракамонро Некрўз ном гузоштем, то ҳама рўзаш нек гузарад. Бо гули чиз калонаш кардем. Тамоми шароитҳо барои Некрўз муҳаё буданд. Дар мактаби беҳтарини шаҳр хонондем, сипас Некрўзро ба донишгоҳи мехостааш дохил кардем. Мошин харед гуфт, сарамонро ба сад дар зада, мошини пеши бозорро харидем, то писарамон хурсанд шавад.
Некрўз аз ин меҳрубониҳои мо торафт эркатар шуда, ҳар рўз талабҳо нав ба навро пеш мегузошт. Хонаеро иҷора гирифтем, то азоб кашида ҳар рўз ба ноҳия рафта наояд, вале писари эркатулфорамон ба ҷойи Худоро шукр гуфтан маст шуда, аз доираи одамгарӣ баромад. Мо ба умеди он, ки писарамон илм омўхта истодааст, Некрўзи худобехабарамон бошад, ҳар рўз то нимашаб дар дискоклубҳо мегаштаасту баъд духтарҳои фоҳишаро ба иҷорахонааш бурда, кайфу сафо мекардааст. Занг занем, вақти гапзанӣ надорам гуфта телефонро хомўш мекард. Падараш қилиқҳои Некрўзро шунида ду бор ба сактаи дил гирифтор шуд, фишори хуни ман ҳам аз дасти найрангҳои ин бача ҳар рўз баланд мешавад. Ҷигархунем аз дасти фарзанди эркаю нозпарвардамон ва чӣ кор карданамонро намедонем. Ба вай на панду насиҳат кора мекунаду на бо дуову дашном аз роҳи бад мегардад. Яккаписар дарди сарамон шуд. Аз тамоми падару модарони азиз хоҳиш мекунем, ки ҳеҷ гоҳ фарзандонашонро эрка накунанд, ки мисли мо дар пирӣ хору зор ва шармандаи дўсту душман мешаванд.
Модари ҷигарбирён Шарифамоҳ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД