Неругоҳи барқию обии “Роғун”, бузургтарин иншооти мамлакат ниёз ба қувваи корӣ дорад. Дар ин бора Қурбонназар Давронов, муовини директори нерӯгоҳ оид ба истеҳсолот ба Oila.tj хабар дод.
Мавфсуф гуфт, роҳбарияти нерӯгоҳ ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта шароитҳои хуби корию музди меҳнати арзандаро пешниҳод менамояд.
“Ронандагони мошинҳои сабукрав, боркаш, борбардор, автокран, булдозер, экскаватор, мошинҳои шиббазанӣ, автобетоннасос, ҳамчунин челонгарон, кафшергарони барқӣ, кафшергарони барқию газӣ, харротон, васлгарон, муҳандисони сохтмон, устоҳо ва бетонкорон метавонанд барои пайдо кардани ҷойи кор дар НБО “Роғун” муроҷиат намоянд", - гуфт Давронов.
Ӯ гуфт, музди миёнаи меҳнат дар НБО "Роғун” аз 2500 то 4000 сомониро ташкил дода, кормандон бо усули вахтавӣ кор карда, аз ҷониби корхона бо 3 вақт хӯроки гарм, ҷойи хоб, либоси корӣ, пойафзол ва дигар лавозимоти меҳнат таъмин карда мешаванд.
Мавсуф таъкид кард, ки ҶСК «ТГЭМ» (Тоҷикгидроэлектромонтаж), ки бештари корҳои сохтмониро дар ҳудуди нерӯгоҳ тибқи тендер дар доираи лоиҳа амалӣ мекунад, бештар ба кормандон ниёз доранд.
Ӯ гуфт, раёсати идоракунии захираҳои меҳнатии ТГЭМ бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои кормандони ташкилот ба ҷустуҷӯ ва ба кор қабул кардани нафарони соҳибихтисос машғул аст.
Ба онҳо ҳам кадрҳои роҳбарикунанда ва ҳам коргарони қоторӣ лозиманд. Аз чумла, инҳо метавонанд муҳандисони сохтмону энергетикҳо, муҳосибон, ронандагон, кафшергарон, барқчиҳо, васлгарон ва ғайраҳо бошанд.
Бояд гуфт, ки ТГЭМ ширкати пешсафи сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва ифрасохторӣ буда, сохтмони сарбанди нерӯгоҳии Роғунро дар Лот-2 ва дар доираи Лот-3-и сохтмони иншооти соҳили рост, аз ҷумла гидротуннелҳо ва обпартоҳо, корҳои муътадилгардонӣ ва насби таҷҳизоти гидромеханикиро анҷом медиҳад.
Давронов гуфт, тибқи лоиҳа соли 2029 корҳои сохтмонӣ пурра анҷом хоҳанд ёфт. Қарор аст чархаи сеюми он моҳи ноябри соли 2025 ба кор андохта шавад.