arzon replenishment
Назруллозода: Муаллим рафтори ғайрипедагогӣ кардааст
596

Навор ва аксҳои латтукӯби як хонанда аз ҷониби роҳбари синф дар яке аз мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад.

Гуфта мешавад, муаллим ноболиғро дашном дода, латтукӯб кардааст ва бо сим якчанд маротиба ба пою тахтапушташ задааст.

Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, ҳодисаи мазкур рӯзҳои 25- 26-уми сентябри соли равон дар муассисаи №50-и  ноҳия рух додааст.

"Рӯзи 25-уми сентябр хонандаи синфи 6 Ҷовидон Усмоналиев аввал дар саҳни мактаб бо ҳамсинфонаш муноқиша карда, пас аз дарс дар маҳалла муноқишаи гурӯҳӣ ташкил намудааст. Рӯзи 26 роҳбари синфаш Иброҳим Саидов аз муноқишаи гурӯҳии хонандагон огоҳ гардида, нисбат ба Ҷовидон Усмоналиев рафтори ғайрипедагогӣ кардааст", - иттилоъ доданд аз Раёсати маориф.

Зиёратшоҳ Назруллозода, сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, ҳолати мазкурро прокуратураи ноҳия тафтиш намуда истодааст.

"Директори мактаб вазифадор шудааст, ки нисбати омӯзгор Иброҳим Саидов чораҳои интизомӣ андешад", - таъкид кард Назруллозода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД