Sebiston new 2024 october
Наздик ба 2 миллион хонанда соҳиби либоси мактабӣ мешаванд
371

 

Имсол коҳиш ёфтани истеҳсоли либоси мактабӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба талабот вобаста мебошад. Ба либосҳои мактабӣ хонандагони синфҳои якум ва синфҳои болоӣ бештар ниёз доранд ё баъзе хонандагон вобаста ба вазъи иҷтимоӣ як либоси мактабиро зарфи ду сол истифода менамоянд. Либосҳои мактабӣ дар асоси шартнома байни корхонаҳои истеҳсолӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии мамлакат истеҳсол мешаванд».

Ин нуқтаро Абдурауф Пӯлотов, Сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» қайд кардааст.

Ин дар ҳолест, ки имсол барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии миёна корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони инфиродии мамлакат имсол ба маблағи 46 миллиону 253 ҳазор сомонӣ либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи миқдор 22,7 фоиз ё 317706 дона коҳиш ёфта, аз рӯи арзиш 20,8 фоиз ё 7,1 миллион сомонӣ кам мебошад.

Соли гузашта корхонаҳои саноатии мамлакат ба маблағи 129 миллион сомонӣ либоси мактабӣ истеҳсол намуда буданд . Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ сатҳи таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар маҷмуъ ба 10,9 фоиз баробар шудааст.

Абдурауф Пӯлотов, яке аз сабабҳои коҳишёбиро шарҳ дода гуфтааст, ки нархи як либоси сегонаи мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ 220-240 сомонӣ бошад, айнан чунин либосҳо аз хориҷи мамлакат, асосан аз Узбекистон ворид мешавад, ки нархаш 180 сомонӣ аст. Номбурда афзудааст, ки либосҳои мактабие, ки дар корхонаҳои саноатии мамлакат истеҳсол карда мешаванд, пурра ба стандартҳои сифат ҷавобгӯ буда,  матоъҳое, ки аз онҳо корхонаҳои саноатии мамлакат либосҳои мактабӣ медӯзанд, истеҳсоли Туркия ҳастанд.

Дар ҷумҳурӣ 80 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул мебошад. Аз ин омор 36 корхона дар Суғд, 29 корхона дар Хатлон, 4-то дар Бадахшон, 9 корхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 корхона дар Душанбе фаъолият доранд.

Интизор меравад, ки моҳи август дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ, ба мисли Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва дигар марказҳои шаҳру навоҳии мамлакат ярмарка –фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД