Formula novemver 2024
Ҳар кӣ ошиқро шӯ кард, деги сиёҳ ба рӯ кард...
3640

Имрӯзҳо вайроншавии оилаҳои ҷавон хеле зиёд ба назар мерасад. Бисёриҳо инро ба ҷавониву бетаҷрибагии навхонадорон рабт медиҳанд, бархи дигар бошанд, падару модаронро гунаҳкор месозанд, ки фарзандонашонро маҷбуран хонадор карда ба бахташон зомин мешаванд. Гурӯҳи сеюм пош хӯрдани оилаҳои бо ишқу муҳаббат бунёдёфтаро мисол оварда мегӯянд:


“умри ишқу муҳаббат кӯтоҳ аст, ҳамин ки ба таги чодар даромаданд, Маҷнун аз Лайлӣ безор мешавад. Ин гуфтаҳо то куҷо ҳақиқат доранд ва сабаби пош хӯрдани оилаҳои ҷавон дар чист? Бо ин савол мо ба чанде аз ҳамдиёронамон муроҷиат намудем. Инак, посухи онҳоро пешкашатон месозем. Хонед ва фикру ақидаи худро доир ба ин мавзуъ ба мо нависед!

Нигора, дӯзанда:
Маҷнун Лайлиро лагадкӯб мекунад, агар...
Ба андешаи ман бо муҳаббат ё бемуҳаббат хонадор шудан дар зиндагӣ нақши асосиро намебозад, муҳимаш боандеша ва ба санҷишҳои ҳаёт тобовар будани ҷавонон аст. Фарқ надорад, ки ошиқатро мегирӣ ё домодро бори аввал дар таги чодар мебинӣ, зиндагӣ бе камбудӣ ва гапу калоча намешавад. Калонсолон беҳуда намегӯянд, ки ягон гӯр бе тарақ-туруқ нест, оромиро одамизод ҳатто дар он дунё ҳам намебинад. Ҳаёти оилавӣ бе мушкилӣ намешавад, хоҳ-нохоҳ гапат як рӯз не, як рӯз бо шавҳар, хушдоман ё хоҳаршӯ мегурезад, вале зани оқила бояд дар зиндагӣ сабур бошад. Барои дупула гап қаҳр карда ба хонаи модарат рафтан гирӣ ё бидиррос зада ба ҳама хурду калон гап гардонӣ, шавҳарат Маҷнуни сонӣ бошад ҳам, аз рангу рӯят безор шуда, кафшҳоятро пеши поят мемонад ва ду лагад зада аз дар берун мекунад.

Манучеҳр, барномасоз:
Дӯзахро бо чашми худ дидам!
Ман фикр мекунам, ки дар интихоби ҳамсар фикри волидон, хоса модарро ба инобат гирифтан шарт аст. Пештар ман ин чизро муҳим намешуморидам, вале баъди он ки “шаттаи гови таърифӣ”-ро чашидам, фикрам дигар шуд. Духтари дӯстдоштаам ба модарам писанд набуд, вале мани ошиқи зор ду поямро ба як мӯза андохта, волидонамро маҷбуран ба хонаашон хостгорӣ фиристодам ва тӯйи дакаданг ороста, бо ҳазор орзую ҳавас арӯсамро ба хона овардам. Бовар кунед, ҳамагӣ пас аз се рӯзи тӯй хонаамон ба дӯзахи ҳақиқӣ табдил ёфт. Субҳ бо ҷанҷоли келину хушдоман сар шуда, шом бо таънаю маломати ҳарду поён меёфт. Дар байни ду оташ монда, чӣ кор карданамро намедонистам. Аксар вақт ба хона намеомадам, то набинаму насӯзам. Умед доштам, ки баъди фарзанддор шудан ақли занам ба сараш мезанад ва ҳурмату эҳтироми калонсолонро ба ҷо меораду ҳаётамон ширин мешавад, аммо хаёлам хом баромад. Кӯдакдор шуда Нигина тамоман аз худ рафт, вай дигар натанҳо падару модарам, балки маро ҳам писанд намекард. Маҷбур шудам, ки занамро талоқ дода, аз дар берун кунам. Акнун ихтиёрро ба дасти модарам додаам, касеро таги чашм кунад, ҳамонро мегирам.

Мавҷуда, духтур:
Дӯст дорӣ, тоқат мекунӣ
Ба ақидаи ман дӯст дошта хонадор шудан беҳтар аст. Вақте духтару писар ҳамдигарро дидаву шинохта мегиранд, хислату хӯйи якдигарро хуб медонанд ва аз ними нигоҳ ҳамдигарро мефаҳманд. Баъдан, зан, агар шавҳарашро аз сидқи дил дӯст дорад, ба хотири бо ӯ будан ба ҳама мушкилиҳои ҳаёт тоқат мекунад. Вақте ки ҳамсаратро дӯст медорӣ, падару модар ва хешу табораш низ бароят азиз ва маҳбуб мешаванду хизматашонро бо ҷону дил адо мекунӣ, вале одам бе дил бошад, хурдтарин моҷарои оилавӣ барои ҷудо шудан баҳона мешавад. Онҳое, ки дӯст дошта хонадор мешаванду баъди чанде аз баҳри нағздидаашон гузашта зан ё шавҳари дигар мекунанд, ишқу муҳаббаташон хасакӣ, яъне танҳо ҳавою ҳавас аст. Оилаи бо муҳаббати асил бунёд гашта як умр пойдор мемонад.

Нозимҷон, аз Шаҳринав:
Фаришта аҷуза шуд, вале...
Ҳанӯз ҳангоми донишҷӯйӣ ману Маҳина ҳамдигарро дӯст медоштем. Замони дар хонаи иҷора зиндагӣ карданам, мабодо каме нотоб шавам, дӯстдоштаам дар гирдам парвонавор давр зада, бо суханҳои ширин ва меҳрубонии зиёд маро парасторӣ менамуд. Бовар кунед, вай ҳатто пойҳои маро мешусту ман дар дилам Худоро сад бор шукр мегуфтам, ки чунин фариштаро насибам гардонидааст, вале баъди тӯй фариштаи ман ба аҷузаи ҳақиқӣ табдил ёфт. Маҳина натанҳо нисбати ман бепарво шудааст, балки ҳавсала намекунад, ки ақаллан рӯю мӯйи худашро ба тартиб дарорад. Хона мудом пур аз чангу гард, сару рӯйи бачаҳоямон пур аз чирк аст, вале модарашон баҳузур дар пеши телевизор пояшро дароз карда, сериалҳои туркиро тамошо мекунад. Эрод гирам, мор барин ба заҳр задан сар карда маро ба он муттаҳам менамояд, ки ягон беваи дигар ёфтаам. Маъшуқа надорам, вале занам ҳамин хел чакидан гирад, ягон рӯз дар болояш зан мегирам, бигзор баъд рӯю мӯяшро канда гардад...

Ситора, мураббия:
“Китоби хондагӣ” аҷиб нест
Зану шавҳар бояд барои ҳамдигар мисли китоби нохонда бошанд, он гоҳ зиндагӣ аҷиб мешавад. Вақте ки бо дӯстдоштаат хонадор мешавӣ, вай ҳама сирру асрори туро медонад, ту феълу атворашро панҷ панҷаат барин медонӣ, хулоса ягон чизи ҷолибе нест, ки барои ҳардуятон аҷиб бошад. Баъдан, вақте зан медонад, ки шавҳараш ӯро дӯст медорад, эркагӣ мекунад, мард бошад, занро пеш аз тӯй тоҷи сар карда гардад ҳам, баъди никоҳ нозу нузи хонумашро бардоштан намехоҳад, чунки ӯро моли худ меҳисобад. Аз ҳамин сабаб ҷавононе, ки дӯст дошта, оиладор шудаанд, гапи якдигарро бардошта натавониста ба зудӣ аз ҳам ҷудо мешаванд. Шахсан ман шавҳарамро надида гирифтам, вале пушаймон нестам. Дӯст дошта хонадор нашуда бошем ҳам, мо ҳурмату эҳтироми якдигар ва хешу таборро ба ҷо меорем. Хушбахтӣ ҳамин аст.

Ғанӣ, муаллим:
3 бор зан гирифтам
Ҳамсари якумам духтари шаҳрӣ буд ва мо якдигарро дӯст дошта хонадор шуда будем. Мардуми шаҳр бисёр эрка ҳастанд, чунки тамоми шароитҳои лозимиро доранд: оби гарму хунук, мошинаи ҷомашӯӣ, ки худаш либос мешӯяд, тафдоне, ки хӯрок мепазад... Дар деҳа бошад, келинҳои бечора аз каллаи саҳар аз хоб хеста то як поси шаб кор мекунанд. Хизмати хусуру хушдоман ва оилаи калони мо ба арӯси шаҳрии ман душворӣ карду аз баҳри ишқу муҳаббат ва зиндагӣ гузашта ба шаҳр баргашт. Моргазида аз ресмони ало метарсад гуфтагӣ барин, зани дуюмамро эрка карда ба шаҳр овардам, вале ин дафъа ҳам бахт ба рӯям нахандид. Майлаш, соати 6 аз хоб хестан нахоҳӣ ҳам, ақаллан то соати 10 ҳеҷ набошад, тухмбирён паз, ки хӯрда ба кор равам мегуфтам, аммо ҳамин талаботи хурдакаки маро низ ҳамсарам ба инобат намегирифт. Маҷбур шудам, ки аз инаш ҳам ҷудо шавам. Метарсидам, ки номам ба занҷаллобӣ мебарояд, хушбахтона зани сеюмам духтари хуб, меҳнатӣ ва пуртоқат баромад. 16 сол шуд, ки зери як бом зиндагӣ дорем, вале то ҳол ягон бор садои баланди моро касе нашунидааст. Зан бамаънӣ бошад, мард девона нест, ки баҳудаю беҳуда ба сари ҳамсараш даст бардошта, бо дасти худ оилаашро вайрон созад.

Ибодат, аз Панҷакент:
Як чашмам кӯру як гӯшам кар аст
Як замоне шудааст, ки дигар касеро маҷбур карда намешавад. Писаратро бо духтари табъи дилаш хонадор накунӣ, ду рӯз пас бо ҳамин баҳона арӯсакро партофта ба Русия мераваду баъд ҳама ғурбати келин ба сарат бор мешавад. Барои он ки ба худам дарди сар нахарам, ман ҳама писарҳоямро бо хости дили худашон хонадор кардам. Писари калонӣ гуфт, ки ягон дӯстдошта надорад ва аз байни духтарони пешниҳод кардаи ман якеро интихоб карда гирифт, дуюму сеюмашро бо нағздидаҳояшон хонадор кардам. Намегӯям, ки ҳама келинҳоям фариштаанд, зеро одами бе камбудӣ аслан дар ин дунё нест. Як чашмамро кӯру як гӯшамро кар вонамуд карда, ба хотири хушбахтии фарзандонам баъзе хатою камбудиҳои келинҳоро нодида мегирам, зарур шавад, онҳоро насиҳат мекунам... Хушбахтии ҷавонон аз бисёр ҷиҳат ба калонҳо вобаста аст, хусуру хушдоман бамаънӣ бошанд, келину домодро бо панду насиҳат ва гапи хуб оҳиста-оҳиста ба кӯчаи одамгарӣ медароранд.

Шавкат, ҳуқуқшинос:
Модар душман аст, агар...
Аслан, заррае фарқ надорад, ки духтар ё писарат бо хоҳиши худаш хонадор шудааст ё бо интихоби падару модар, вақте оила аллакай бунёд ёфтааст, падару модар вазифадоранд, ки барои хушбахтии фарзандонашон мубориза баранд, аммо баъзе волидон аз зери нохун чирк кофта, хонаи ҷигарбандонашонро вайрон мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо падару модарон худашон инро нохоста ё дарк накарда беихтиёр душмани фарзанд мегарданд, махсусан модарон бо эроду айбҷӯиҳои баҳудаю беҳудаашон боиси вайрон шудани оилаҳои ҷавон мегарданд. “Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд” гуфтани халқ беҳуда нест, агар хусуру хушдоман ба ҷойи келин ё домодро дар назди писар ё духтарашон бад карда, шӯр андохтан баръакс ҷавонҳоро бо панду насиҳат роҳнамоӣ кунанд, ягон оилаи ҷавон вайрон намешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД