Commerc banl
Наврӯзии муборакқадам (ҚИСМИ 1)
21.03.2026
АРДАШЕР
213

Холаи Зумрад ҳамин ки баҳор омад, серкору сертараддуд мешавад. Зеро ҳамасола дар ин фасли зебои фарвардин дар хонааш дег мегузораду суманакпазӣ мекунад.

Ҳақу ҳамсоя, хешу табор, ёру рафиқ ва дугонаву ҳамсинфонаш кайҳо ба суманакпазии Зумрадхола одат кардаанд. Ба қавле, дар айёми Наврӯзи некпай як пиёла суманаки болаззати холаро интизоранд. Агар кампир ҳамаи онҳоро даъват накунад ҳам, аз суманаки пухтааш баҳраварашон месозад.

Зумрадхола як хислати аҷоиб дорад, ҳар он чизе, ки аз дастурхони дар иди Наврӯз ё аёми суманакпазияш боқӣ мемонад, ба беваву бечорагон ё ятимону маъюбон эҳдо мекунад. Агар чунин ниёзмандонро наёбад, ҳатман ба хонаи ятимон мефиристад...

Зумрадхола дар ин шабу рӯз ҳам серташвиш аст, чунки аллакай дар ғами гандум гузоштану сабзадамонист. Айни вақти сояофтоб кардани гандум дугонааш Замира дари холаро кӯфта омад.

- Зумрад, ҳой Зумрадой, дар хона ҳастед дугона?,- бо овози баланд ҷеғ зад кампир.

- Бале, бале, дар хонаам. Э, киҳоро мебинам... Ассалому алайкум. Биёед Замирҷон. Хуб ҳастед, саломатиатон нағз?,- гарму ҷӯшон ҳолпурсӣ карда, ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд кампирон.

- Воалейкум бар салом, дугона. Шукр, раҳмат, шумо чӣ ҳол доред.

- Майда-майда аз пайи дамондани сабзаи суманак ҳастам,- табассум карда, як-як сабзаҳои дамондаашро нишон дод хола.

- Ҳа, монда набошед. Аллакай сабзаҳотон дамидааст. Хато накунам, қариб сӣ сол мешавад, ки дар хонаатон суманак мепазед?,- пурсид Замира аз сабзаҳои навдамидаи дугонааш ба ҳайрат омада.

- Бале, бовар кунед. Ин ба ман як одат шудааст. Ҳамин ки баҳор омад, агар суманак напазам, дилам хиҷил мешавад. Ба хӯрдани суманак одат кардаам, охир, ба ҳазору як дард даво мегӯянд.

Ҳарчанд дар бозорҳо қариб аз нимаҳои моҳи январ суманак мефурӯшанду харида мехӯрам, вале суманаки бо дастони худат пухта боз лаззату кайфияти дигар дорад. Охир, дар пухтани суманак ҳама сарҷамъ мешаваду хушҳоливу хурсандӣ ва рақсу бозӣ мекунанд.

- Беҳтарин! Бовар кунед, дугона, ба шумо ҳавасам меояд.

- Саломат бошед, дугонаҷон!

- Ин ҳамаро бо маблағи фарзандон мекунед?

- Э не-е, дугона, кори хайру сахоро инсон бояд бо маблағи ҳалоли ёфтаи худаш кунад, ки аҷру савобаш ба худаш расад.

Агар ман имсол ба 68 дароям, аз рӯзи оиладориям то имрӯз ба пули касе эҳтиёҷманд нашудаам. Маро медонед ку, ҳунармандам. Аз пули рӯймолу тоқиҳои миллии медӯхтаам ин ҳамаро мекунам.

Ғайр аз ин либосҳои гуногуни занона мувофиқи фармоиш медӯзам. Шукр, ки гуфти гапҳо, пири бадавлатем,- қоҳ-қоҳзанон хандиду дугонаашро ба оғӯш кашид Зумрад ва афзуд:

- Бовар кунед, воқеан ҳунарманд ҳеҷ гоҳ муҳтоҷи касе намешудааст. Мана, ман аз пайи пул намеравам, пул ҳар рӯз дарвозаамро мезанад. Барои тоқӣ, рӯймол ё либосҳои гуногун фармоиш меояд.

Ба мани кампир пули зиёд ҳам чӣ даркор!? Аз ҳунари доштаам шукр карда, кор мекунам. Ғаму ташвишам ҳам баробари захми сӯзан гум мешавад. Фирдавсии ҳаким ҳам беҳуда нагуфта будааст:

Куҷо беҳунар шуд асири ниёз,

Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз.

Имрӯзҳо келину набераҳо низ аз уҳдаи ин ҳунарҳо ба хубӣ мебароянд. Кӯшиш мекунам писар ё духтар ҳатман соҳиби ҳунаре шавад. Ақаллан як бурида нон ба хонааш меорад ку!,-ба дугонааш нигоҳ карда, гӯё мунтазири посух шуд Зумрад.

Замира гӯё чизеро ба ёд оварданӣ бошад ба фикр фурӯ рафт...

(Давом дорад)

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД