goodwell
Наврасони Тоҷикистон дарвозаи Қирғизистонро голборон карданд
10.04.2026
Oila.tj
465

Дар шаҳри Тошканд чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни мунтахабҳои то 17-сола идома дорад. Дар мусобиқа мунтахабҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок доранд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро бо пирӯзӣ муқобили Туркманистон бо ҳисоби 5:1 оғоз карда буд.

Дирӯз дар даври сеюми мусобиқа тими мо бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон вориди майдони рақобат шуданд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Дӯстлик” доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.

Аз ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон голҳоро Сиёвуш Назаров дар дақиқаҳои 3-юм ва 57-ум, Алиҷон Шуҳратҷонзода дар дақиқаи 17-ум ва Биҳиштӣ Раҷабзод дар дақиқаи 61-ум ба самар расониданд. Сиёвуш Назаров, ки дар бозӣ бо Туркманистон дубл карда, беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуда буд, беҳтарин бозигари майдон дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври навбатӣ, имрӯз, 11-уми апрел мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Афғонистон бозӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Наврасони Тоҷикистон дарвозаи Қирғизистонро голборон карданд
goodwell
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси