formula feb 2025
Наворбардории “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” оғоз шудааст
225

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар доираи “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” наворбардории филми нави ҳунарӣ бо номи “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”-ро оғоз кардааст.

Бино ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, филм бар асоси ҳикояи ҳамноми нависанда Холмурод Шарифов таҳия шуда, айни замон дар манзараҳои зебои Тоҷикистон наворбардорӣ мегардад.

Гуфта мешавад, ки филми мазкур ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, дар баробари ба тасвир кашидани қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик дар майдони набард, инчунин нақши мардуми тоҷикро дар ақибгоҳ ба намоиш мегузорад.

- Филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” бо сабку услуби хоси худ, дар баробари рӯйнамоии саҳнаҳои таърихӣ, саҳнаҳои пурҷаззоб ва ҳаяҷонангезро низ фаро мегирад. Тамошобинон метавонанд интизори як асари ҷолиб ва таърихӣ бошанд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД