Наворбардории филми ҳунарии «Решаҳо» идома дорад
04.12.2025
Oila.tj
80

Наворбардории филми ҳунарии «Решаҳо», ки аз ҷониби МД «Тоҷикфилм» рӯйи навор меояд, идома дорад. Филм қиссаи ҷавонеро бо номи Руслан баён мекунад, ки пас аз солҳои дурӣ аз Русия ба суроғи падар ба Тоҷикистон меояд, то ӯро пайдо карда, бо решаҳои аслии худ ошно шавад.

Муаллифи филмнома Сафар Ҳақдод буда, коргардонии онро Абдулҳай Зокиров ба уҳда дорад. Наворбардорӣ дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта, дар маконҳое чун фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан ва ибодатгоҳи насронӣ сурат мегирад ва то минтақаи Сари Хосор идома меёбад.

Дар филм ҳунармандони маъруф Зулфия Содиқова, Фирӯза Раҳмонова, Абдумумин Шарифӣ, Фарид Мастонов ва дигар чеҳраҳои шинохтаи санъати миллӣ нақшофарӣ мекунанд. Ҳамчунин, ҳунармандон аз театрҳои шаҳрҳои Бохтар ва Данғара низ ҷалб шудаанд.

Нахустнамоиши филми «Решаҳо» дар остонаи Рӯзи модарон ба нақша гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД