“Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо синамогарони ӯзбек банаворгирии филми таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ”-ро оғоз менамояд. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, директори киностудияи “Тоҷикфилм” имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ки филми мазкур дар боби ҳаёт, эҷодиёт ва садоқату дӯстии ду чеҳраи намоёни адабиёти Шарқ - Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ нақл карда, робитаи ногусастании таърихию фарҳангии мардуми тоҷику ӯзбекро нишон медиҳад.
Филми мазкурро 2 коргардони ботаҷриба - Файзулло Файзов аз Тоҷикистон ва Масаидов аз Ӯзбекистон дар якҷоягӣ ба навор хоҳанд гирифт.
“Ҳафтаи равон синамогарони ӯзбек, аз ҷумла коргардон ва рассоми филм аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омада, меҳмони мо гаштанд ва аз майдончаҳои сабт - павилионҳо дидан намуданд. Айни замон корҳои омодагӣ хуб ҷараён доранд. Тибқи нақша мо бояд дар якҷоягӣ бо синамогарони ӯзбек то охири соли 2025 банаворгирии ин филмро ба охир расонем. Боварӣ дорам, ки “Ҷомӣ ва Навоӣ” филми бисёр хуб ва тамошобоб хоҳад шуд”,- гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Равобити эҷодии “Тоҷикфилм” бо дигар киностудияҳои хориҷӣ низ торафт вусъат ёфта истодааст. Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо 20 кишвар ва 50 ширкатҳои филмбардорӣ қарордодҳои ҳамкориро дар соҳаи синамо ба имзо расонидааст. Аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо ширкати синамоии “Корномаи Дубай” флми ҳунарии “Харгӯши сиёҳ - харгӯши сафед” ва бо студияи “Русское поле” филми ҳунарии “Василий Тёркин” таҳия ва манзури тамошобинон мегардад.