Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим» наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид.
Бино ба иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», филм ба омӯзиш ва муаррифии таърихи минтақаи Хатлон, ки дар сарчашмаҳо бо номҳои «Хутал», «Хуталон», «Хатлон» ва «Кӯлоб» оварда шудааст, равона гардидааст. Дар он давраҳои гуногуни таърихӣ - аз аҳди бостон то асрҳои миёна бо такя ба сарчашмаҳои илмӣ инъикос мешаванд. Дар филми мустанад инчунин ба ёдгориҳои таърихӣ, санъату ҳунар ва суннатҳои мардуми минтақа таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Филм дар чанд қисмат таҳия гардида, давомнокии ҳар қисми он 50 дақиқаро ташкил медиҳад. Дар он андешаҳои таърихшиносони маъруф, аз ҷумла Юсуфшоҳ Яъқубов, Ҷонибек Асрориён ва Фароғат Азизӣ пешниҳод мегарданд.