Натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар даври сеюм маълум шуд
30.09.2025
Oila.tj
122

Натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабоне, ки дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 иштирок кардаанд, эълон гардид.

Бино ба иттилои Маркази миллии тестӣ, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба озмуни тақсимоти асосии даври сеюм довталабоне роҳ ёфтаанд, ки аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), инчунин, аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб шуда буданд.

Ба иттилои манбаъ, довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ тибқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 2-юми октябр ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бе сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида ҳозир нашудан, ҷойи довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузошта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД