Хонандагони азизи, тавре ки қаблан иттилоъ додем, шуруъ аз 11 апрел дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҷараён доранд.
Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа доир карда шуда, то 21 апрел идома меёбад.
Ба хотири мушоҳидаи ҳолат ва рафти ярмарка мухбирони мо ба ярмаркаҳои «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва назди Беморхонаи “Қарияи Боло” рафта, бо чанде аз фурӯшандагону харидорон дар мавриди нарх ва сифати маҳсулот суҳбат карда, худашон ҳам бевосита ҳолатро мушоҳида карданд.
Тибқи мушоҳидаҳо масъулин ва фурӯшандагони бозор бо либоси ягонаи махсуси корӣ ва нишони сарисинагӣ таъмин буданд, вале фурӯшандагон дар ярмаркаи дуюм ба ин ҷанба таваҷҷуҳ накарда, танҳо бо либоси оддии шаҳрвандӣ хизматрасонӣ мекарданд.
"Воқеан шоҳиди аҳволе шудем, ки арзиш ва захираи маҳсулоти хӯрока дар бозор беҳтару хубтар буд нисбат ба макони дуюми ярмарка, зеро дар ин ҷо қисме аз деҳқонон ва соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар баробари намояндагони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти худро нисбатан арзонтар ба мардум пешниҳод кардаанд",-гуфт мардум.
Ҳарчанд таҷаммуи одамон дар ярмаркаи назди беморхона камтар буд, вале захираи маҳсулот ҳам хеле кам дида мешуд. Аз ҷумла, аксари харидорон бештар шир, шакар ва тухм мепурсиданд, вале намеёфтанд. Дар маҷмӯъ, дар ин ду ярмарка ду фазои гуногун мавҷуд аст ва тибқи хулоса масъулини КВД “Бозори Саховат” хизматрасонии хубтар доштанд.
Тибқи ҷадвали нархгузорӣ арзиши маҳсулоти хӯрака дар ярмаркаи КВД “Бозори Саховат” ба ҳолати 13-уми апрел чунин буд:
- Орд - 230-250 с.
- Гушт (гов) - 55 с.
- Биринҷ - 8 с.
- Шакар - 9 с.
- Нахӯдпора (горох) - 7,5 с.
- Марҷумак - 13 с.
- Макарон - 7 с.
- Лӯбиё - 18 с.
- Нахӯд - 18 с.
- Гандум - 4,5 с.
- Картошка - 4 с.
- Пиёз - 4-4,5 с.
- Сабзӣ - 3,5 с.
- Булғорӣ - 15 с.
- Бодиринг - 8-10 с.
- Помидор - 12 с.
- Тухм - 39-42 с.
- Равған - 85-90 с.
Ярмаркаҳо то 21 апрел ҳамарӯза дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва маконҳои муқаррарнамудаи шаҳрдорӣ дар пойтахт фаъолият мекунанд.