Ҳунарпеша, овозхон ва тарроҳи 43-солаи уругваӣ Наталия Орейро бо пешниҳоди Сафорати Федератсияи Русия дар Аргентина барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳуҷҷат супоридааст, зеро аз ин кишвар зуд-зуд боздид ба амал меорад.
“Боре барои як масъалаи дигар ба сафоратхона рафтам. Ман зиёд сафар мекунам ва бо Русия робитаи зич дорам. Онҳо пурсиданд, ки мехоҳам инро расмӣ кунам ва ман ҳам гуфтам, ки ин бароям шараф аст. Як қиёмат ҳуҷҷат пур кардам ва ҳоло дар баррасӣ қарор доранд”,-гуфтааст, ҳунарпеша ба хабарнигори “ТАСС”. Хонум Наталия хотирнишон кардааст, ки ин ҳама аз шӯхии як сол қабл дар барномаи “Шоми Ургант” (“Вечерний Ургант”)-и Шабакаи аввали Русия кардааш оғоз ёфтааст.
“Дар барномаи Иван Ургант иштирок доштам ва ӯ гуфт, ки миёни хориҷиён ман бештар ба русҳо монанд ҳастам. Ман ҳам гуфтам, ки ҳеҷ шубҳа надорам ва Путин бояд ба ман шаҳрвандии Русияро диҳад. Ин танҳо як шӯхӣ буд ва боварӣ надоштам, ки кор ба ин дараҷа мерасад. Аммо хеле зиёд мехоҳам, ки шаҳрванди Русия бошам”. Дар идома ҳунарпеша афзудааст, ки то имрӯз аз мухлисони русаш ҳудуди 15 шиноснома ҳадя гирифтааст, вале онҳо аслӣ нестанду мехоҳад соҳиби шиносномаи ҳақиқӣ шавад.
Наталия Мариса Орейро Иглесиас 19-уми майи соли 1977 дар шаҳри Монтевидеои Уругвай ба дунё омадааст. Замоне ба Аргентина кӯчид, ки ҳамагӣ 16 сол дошт ва ба туфайли силсилафилмҳои телевизионӣ шӯҳрати бештар касб кард. Соли 2000-ум бори аввал ба Русия сафари ҳунарӣ анҷом дод ва қариб ҳамасола ба Русия сафар мекунад. Забони русиро хуб медонад ва шумораи мухлисони русаш низ кам нестанд.