Аз назари дини мубини ислом гӯшти хук ҳаром шумурда шуда, хӯрдани он ба муслимин манъ аст, вале новобаста ба ин, то ҳол дар баъзе минтақаҳои кишварамон одамоне ҳастанд, ки ба парвариши хук машғуланд.
Дар вилояти Суғд низ фермаи хукпарварӣ мавҷуд буда, обро ифлос кардани он давоми ду соли охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсу норозигиҳои зиёде мегардад. Дар нишастҳои матбуотии сохторҳои қудратӣ низ ҳамеша ин мавзӯъ ба миён меомад.
Билохира кормандони мақомоти прокуратураи вилоят гӯши роҳбарони ин фермаи хукпарвариро, ки дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир буда, партову ахлоти 300 сар хукро ба оби дарёи Сир мепартофтанд, тофта, нисбаташон парванда оғоз намуданд.
Пас аз ба анҷом расидани тафтишт парванда ба суд ирсол гашт ва бо қарори суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳбарони ин фермаи хукпарварӣ ба муддати якуним сол ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ таъин карда шуд.
Бо ҳукми суд Насим Дӯстматов роҳабри фермаи хукпарварӣ вазифадор шудааст, ки 20% -и маошашро ба ҳисоби давлат гузаронад.
Албатта корҳои ислоҳӣ маънои паси панҷара нишастанро надорад, аммо ҳар шаҳрванде, ки ба корҳои ислоҳӣ ҷалб карда мешавад, мувофиқи талаботи қонун ҳар 10 рӯз як бор аз тарафи Идораи зиндонҳо ба корҳои ислоҳӣ ҷалб хоҳад шуд.
Худи Насим Дӯстматов аз карда пушаймон аст, зеро пеш аз корҳои ислоҳӣ дастикам се бор мақомоти прокуратура ба ӯ огоҳӣ дода буд, вале дидаю дониста корашро идома медод ва би дарёро бо партовҳои ферма ифлос менамуд.
Прокурори вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода дар як нишасти матбуотӣ таъкид карда буд, ки Насим Дӯсматов бо вуҷуди се бор огоҳӣ гирифтан ислоҳ нашуда, такроран ба ифлос кардани оби дарёи Сир даст задааст, ки ин амалӣ ҷиноӣ аст, зеро истеъмоли обе, ки дар он партову пешоби 300 сар хук ҳаст, ба саломатии сокинон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Фермаи хукпарварии Дустматов дар наздикии дарёи Сир ҷойгир буд ва кормандонаш барои осон шудани корашон ифлосиҳои фермаро ба об мепартофтанд.
Азбаски дар наздикии ферма заминҳои корам ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир буданд, паҳн шудани буйи ғазил сабаби ишкояти сокинон ба мақомот гашт. Баъди шикоятҳо мақомот аз паси омӯзиши ин масъала шуданд ва маълум гашт, ки Насим танҳо манфиати молии худро фикр карда, дар бораи саломатию оромии атрофиён тамоман фикр накардааст. Ба Дусматов на насиҳат таъсир карду на шикоят, бинобар ин, ба корҳои ислоҳӣ ҷалб ва ҷаримабандӣ шуд. Шояд дар бадали як соли шаш моҳ ҳушаш ба сараш зада, аз баҳри хукпарварӣ мебарояд ё фермаи замонавие месозад, ки сабаби арзу шикояти мардум нагардад.