Нашъамандӣ дар замони муосир ба яке аз мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфта, боиси нагаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Тибқи гузориши Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи нашъамандӣ нашр шудааст, соли 2023 дар ҷаҳон 316 миллион нафар аз маводи мухаддир истифода кардаанд, ки тақрибан 6 дарсади аҳолии аз 15 то 64-солаи сайёраро ташкил медиҳад. Ташвишовараш он аст, ки солҳои охир шумораи нашъамандон дар байни наврасон ва ҷавонон афзуда истодааст. Тавре муаллифони гузориш навиштаанд, танҳо теъдоди истифодабарандагони какоин дар 10 соли охир дар ҷаҳон 8 миллион нафар зиёд шудааст.
Вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон
Мутаассифона, кишвари мо низ аз ин вабои аср барканор намондааст. Мувофиқи маълумоти Муассисаи давлатии “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 нишондоди гирифторӣ ба бемории нашъамандӣ ба 100 000 аҳолӣ 40 нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора 97,4 % мардон ва 2,6% занон ҳастанд. Аз теъдоди умумии мубталоёни нашъамандӣ 0,2% то 17-сола, 25,4% аз 18 то 35-сола, 72,6% аз 35 то 59-сола ва 1,8 % аз 60-сола боло мебошанд. Дар шаҳри Душанбе омори нашъамандӣ 42,3%, дар Суғд 20,7%, дар вилояти Хатлон 17,3%, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6,1% ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 13,6%-ро ташкил медиҳад.
Мутахассисон чӣ мегӯянд?
Тавре Шероз Мирзоев, муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо мо гуфт, нашъамандӣ танҳо як одати бад набуда, балки бемории хеле ҷиддӣ мебошад. Мубориза бо паҳншавии маводҳои нашъаовар ва пешгирии бемории нашъамандӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ ба шумор меравад, зеро моддаҳои нашъадор, ҳабҳо ва маводҳои синтетикии ивазкунандаи моддаҳои нашъаовар, ки имрӯз ҷавонон бештар аз онҳо истифода мебаранд, ба саломатӣ зиён дошта, натанҳо ба худи шахсе, ки ин моддаҳоро истифода мебарад, балки ба аҳли оилаю пайвандони ӯ ва ҷомеа низ зиён мерасонад. Вақте ки шахс моддаи нашъаоварро истифода мебарад, фаъолияти майнаи сар вайрон шуда, бар асари ҷисман ва рӯҳан осеб дидани организм кас сарфи назар аз синну сол ва ҷинсияташ ба бемории нашъамандӣ гирифтор шуда метавонад.
“Одатан ҷавонон аз кашидани тамоку ва нӯшидани нӯшокиҳои энергетикӣ сар мекунанд, вале баъд ба қавли худашон “кайф”-и худро гирифта натавониста, ба маводҳои таъсирашон сахттар мегузаранд ва билохира нашъаманд мешаванд”,- мегӯяд мутахассис.
Аз хумори бангу нашъа то талоқ ва пошхӯрии оила
Нашъамадӣ паёмадҳои ногувори зиёде дорад ва метавонад инсонро оқибат ба кунҷи зиндон барад. Вақте ки кас ба нашъамандӣ мубтало мегардад, натанҳо худи ӯ, балки аҳли оилааш низ ба гирдоби садҳо мушкилот гирифтор мешаванд. Шахсе, ки ба маводи мухаддир дил бастааст, оҳиста-оҳиста аз пайвандонаш дур шуда, нисбати падару модар, зану фарзанд ва дигар наздиконаш бепарво ва бемасъулият мешавад. Дар ин замина ҷангу ҷанҷолҳои пай дар пайи оилавӣ сар зада, муҳити хонавода ноором мегардад ва фарзандон аз тарбият дур мемонанд. Нашъамандӣ метавонад боиси ҷудошавии оила гардад.
Занон ва нашъамандӣ
Мутаассифона, натанҳо мардон, балки занон низ солҳои охир ба ин вабои аср гирифтор гашта истодаанд, ки ин бениҳоят ташвишовар мебошад. Тавре роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд: “Ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар Тоҷикистон 4004 нафар нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 10 нафар ё 0,2% камтар мебошад, аммо хеле таассуфовар аст, ки аз теъдоди умумии нашъамандон 105 нафарашон занон ҳастанд”.
Нашъамандон ба ҷомеа чӣ хатар доранд?
Нашъамандӣ барои ҷомеа низ паёмадҳои ногувори зиёде дорад, зеро як шахси нашъаманд метавонад чанд нафари дигар, хоса ҷавононро, ки ҳанӯз дар курраи зиндагӣ пухта нашудаанд, аз роҳ берун карда, ба бемории нашъамандӣ гирифтор созад.
Одати баде, ки касро ба кунҷи зиндон мебарад
Ин дарди бад метавонад касро ҳатто ба кунҷи зиндон барад, зеро вақте нашъаманд барои харидорӣ кардани маводи мухаддир дигар пул намеёбад, ба хотири шикастани хумораш даст ба дуздию ғоратгарӣ зада, ҷиноят содир карда метавонад.
Пешгирии нашъамандӣ
Хулоса, нашъамандӣ натанҳо ба ҳаёт ва саломатии худи шахсони ба маводи мухарддир дилбаста зиён мерасонад, балки барои кулли ҷомеа паёмадҳои ногувор дорад, бинобар ин, оила, мактаб, ҷомеа ва давлат бояд дар якҷоягӣ барои пешгирии ин падидаи номатлуб мубориза баранд.
Роҳҳои асосии пешгирии нашъамандӣ инҳоянд:
- Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тиббии аҳолӣ.
- Дар мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо бо наврасон ва ҷавонон бо иштироки табибон, равоншиносон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, уламои дин ва дигар шахсиятҳои муътабар баргузор намудани чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла семинарҳо, суҳбатҳо ва дарсҳои махсус дар бораи зарари нашъамандӣ ва роҳҳои пешгирии он.
- Гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ дар мавзуи нашъамандӣ.
- Фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва таъмини шароити хуб барои зисту зиндагӣ ва фароғати ҷавонон.
- Тарбияи дурусти кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар оила.
- Муоширати озод бо фарзандон ва фароҳам овардани муҳити боварибахш дар хонавода.
- Дастгирии равонии шахсоне, ки ба маводҳои нашъаовар дилбастагӣ пайдо кардаанд ва ҳамаҷониба кумак намудан ба онҳо барои раҳоӣ аз ин варта.
- Тарғиби ҳаёти солим ва рушд додани варзиш дар ҷомеа.
Баъзе аз ин чорабиниҳо дар доираи лоиҳаҳои иттилоотию маърифатӣ, ки ба пешгирии нашъамандӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум нигаронида шудаанд, амалӣ карда мешаванд. Яке аз чунин лоиҳаҳо ташаббуси «Ташкил ва баргузор намудани маъракаи иттилоотӣ-маърифатӣ оид ба мубориза бар зидди нашъамандӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии бемории нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим» мебошад, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба идоракунии сарҳадҳо бо дастгирии молиявии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) амалӣ карда мешавад.