Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиши миллӣ, ки тибқи нақша моҳҳои октябр-ноябрро дар бар мегирифт, ба поён расид.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фариддун Маҳмадализода имрӯз зимни суҳбат бо сомонаи Оила. тч хабар дод.
Фариддун Маҳмадализода қайд кард, ки нақшаи даъват ба сафи артиш сад фоиз иҷро шудааст.
"Дар моҳи аввали даъват нақша 75 % иҷро шуда буд, вале дар моҳи дуюм сад фоиз ба иҷро расид. Аввалин шуда Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дуюм чор ноҳияи шаҳри Душанбе, сеюм Вилояти Суғд ва чорум вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд”-гуфт Фаридун Маҳмадализода.
Ёдрас мешавем, ки тибқи фармони президенти ҷумҳурӣ, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола моҳҳои октябр ва ноябр ҷараён мегирад.