Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 40 рӯзи ҷараёни он дар қаламрави ҷумҳурӣ наздики 96 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора Вазорати мудофиа хабар додааст.
“То ин давра шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ фаъолияти назаррас нишон дода, нақшаи пешбинигардидаро дар самти даъват сад фоиз иҷро намуданд. Бо гузашти чил рӯз нақшаи даъват дар вилояти Суғд 89 фоизро ташкил медиҳад, ки то ин дам шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Истиқлол, Бӯстон, Гулистон ва Спитамен нақшаи гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пурра иҷро намудаанд”,- иттилоъ додааст ин ниҳод.
Ба зикри ин ниҳод, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар ин муддат нақшаи пешбинигардидаро наздики 95 фоиз иҷро кардаанд. Аз маҷмӯи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун, Файзобод, Турсунзода ва Ҳисор аввалин шуда иҷрои нақшаро ба пуррагӣ таъмин намуданд.