Нақшаи даъват ба артиш дар 20 рӯз 86% иҷро шудааст
22.10.2025
Oila.tj
96

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бо сипарӣ гардидани 20 рӯз аз чорабинии муҳими сиёсӣ - нақшаи даъват ба артиш ҳудуди 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаи пешбинигардидаро пурра иҷро намудаанд.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда дар сатҳи ҷумҳурӣ аз иҷрои барзиёди нақшаи даъват, яъне 101,2 фоиз гузориш дод. То имрӯз бошад, натиҷаи иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 73 фоиз, вилояти Хатлон 97 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 80 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 87 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, дар 20 рӯз нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 86 фоиз иҷро гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД