Субҳи имрӯз шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат иҷро кард. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, аз оғози даъват 45 рӯз гузашт ва 47 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гузориш доданд.
Бо ҳамин тартиб, Бадахшон, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаи ҷалби даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 100 фоиз иҷро намуданд.
Дар ин радиф, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 88 фоиз баробар буда, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Турсунзода аз анҷоми даъвату гусели сарбозон гузориш доданд.
Нақшаи иҷрогардида дар вилояти Суғд 67 фоизро ташкил медиҳад ва мақомоти вобастаи комиссияҳои давлатии даъват танҳо дар шаҳрҳои Панҷакенту Бӯстон иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.
Дар маҷмуъ, иҷрои нақша дар кишвар 90 фоизро ташкил медиҳад.