Arzon march 2024
Насби 9,1 ҳазор терминалҳои худкор дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
144

Дар соли 2024 барои пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронии муштариён аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва агентҳои бонкии пардохтии онҳо зиёда аз 9,1 ҳазор терминалҳои худкор дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ насб карда шудаанд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 11 955 терминали электронӣ насб шудааст, ки аз ин шумора 5530 POS-терминал махсус барои қабули пардохти хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешаванд.

Дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ ҳамчунин 19 918 QR-рамзи ягона насб шудааст, ки 3161 ададаш махсус барои қабули пардохтҳои хизматрасониҳои музноки давлатӣ пешбинӣ шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД