arzon replenishment
НАРХИ ОРД ПАСТ МЕШАВАД?
1620

Муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба зинаи нав баромада, минбаъд кишвари мо бештар бо рубл ва юан додугирифт хоҳад кард. Зимни воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе навъу намудҳои ашёи хом аз хориҷи кишвар Тоҷикистон акнун маблағро бештар бо рубли Русия ва юани Чин пардохт намуда, додугирифтро бо доллар камтар мекунад.

Аз ҷумла гандум, маҳсулоти сӯзишворӣ, равғани растанӣ, чӯбу тахта ва металҳои гуногун барои истеҳсолот акнун на бо доллар, балки бо рубл харидорӣ карда мешавад.

Дар назар аст, ки минбаъд молу маҳсулоти ниёзи худро Тоҷикистон бештар аз Русия ва Чин харидорӣ намояд, зеро ин ду давлати пурқудрат шарикони бузурги тиҷории кишвар ба шумор мераванд.

Дар росто интизор меравад, ки мавзӯи хариди барқи нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” низ бозбинӣ шуда, масъалаи минбаъд бо рубл пардохт намудани арзиши барқи ин нерӯгоҳ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Ба Вазорати энергетика ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур дода шудааст, ки барои бозбинии муқаррароти шартнома ҷиҳати бо рублӣ русӣ харидани барқ аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” бештар талош варзанд. Ногуфта намонад, ки то ин замон нерӯи барқро бо доллар харидорӣ намуда, ба аҳоли онро бо сомонӣ мефурӯхтанд.

Коршиносон бар он назаранд, ки яке аз сабабҳои қарздор шудани “Барқи тоҷик” аз ин нерӯгоҳ дар ҳаимн аст, зеро қурби доллар нисбати сомонӣ пайваста боло мерафт.

Интизор меравад, ки барои харидани ғалла аз Русия бо рубли русӣ ва бе пардохти боҷ бо мақомоти ин кишвар гуфтушунидҳо анҷом дода шаванд, зеро Русия яке аз тавлидкунандагони бузурги ғалла ва гандум ба шумор меравад.

Умедворем, ки бо ворид шудани ғалла аз Русия нархи орд, ки моҳҳои охир дар кишвари мо ба осмони ҳафтум дака хӯрдааст, дубора паст хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД