goodwell
Нархи молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар зери назорат гирифта мешавад
23.07.2026
Оила
45

 

Минбаъд нархи молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар зери назорат гирифта мешавад. Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22-юми июл ҷаласаи якуми Ситоди доимамалкунанда оид ба танзими нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ баргузор гашта, натиҷаҳои мониторинги нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, омилҳои таъсиррасон ба тағйирёбии нархҳо, танзими нарх ва чораҳои пешгирии ҳолатҳои беасос баланд бардоштани нархҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино бар иттилоъи расонаҳо, дар раванди ҷаласа вазъи бозори семент дар ҷумҳурӣ, инчунин сабабу омилҳои болоравии нархи маводи сӯзишворӣ, пешгирии болоравии беасоси нархи он ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта таҳлил карда шуданд.

Ба аъзои ситод дастур дода шудааст, ки мониторинги маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гузаронида, аз натиҷаи он гузоришҳои таҳлилӣ пешниҳод намоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД