arzon replenishment
Нархи либоси мактабӣ дар ярмарка чанд аст?
981



Ҳамасола моҳи август ташвиши падару модарон дучанд мегардад, зеро омодаги ба мактаб оғоз ёфта, аксари волидон дар фикри чӣ тавр ва аз куҷо дастрас намудани сару либос ва лавозимоти мактабии арзон ва хушсифат меафтанд.

Ба хотири фаҳмидани нархи лавозимоти хониш ва сару либоси мактабӣ мо роҳи "ЯРМАРКАИ МАКТАБӢ"- ро пеш гирифтем, ки дар GELOS ва бозри “Саховат” ташкил шудааст.

IMG_20220809_095730_1
Дар ярмарка анвои гуногуни либосҳоии мактабӣ барои духтарон ва писарон, либосҳои варзишӣ ва дигар лавозимоти хониш, ки истеҳсоли ширкатҳои Туркия ва Хитой буданд, ба хирдорон пешниҳод гаштаанд. Волидон бо писару духтаронашон ба ярмарка омада, мувофиқи табъу завқ ва имконияти иқтисодии худ сару либос ва лавозимоти мактабӣ интихоб ва харидорӣ менамуданд. Мо низ нархи сару либоси мактабӣ ва дигар лавозимоти хонишро пурсон шудем, то хонандагони азизи сомона, ки ҳанӯз барои фарзанднашон сару либос ва лавозимоти хонишро харидорӣ накардаанд, дар бораи нарху наво дар ярмарка маълумот пайдо намуда, қабл аз рафтан ба харидгор ҳисобу китоб кунанд, ки оё маблағи дар даст дштаашон мерасад ё не. Инак, шуморо бо қимати сару либос ва лавозимоти хониши мактаббачаҳо ошно месозем.

IMG_20220809_095408_1
НАРХИ ЛИБОС ВА ЛАВОЗИМОТИ МАКТАБӢ
ДАР "ЯРМАРКАИ МАКТАБӢ" - и GELOS


Куртаи сафеди мактабӣ барои кӯдакну наврасони аз 8 сола то 16 сола, яъне хоннадагони синфҳои 1-9 аз 85 то 122 сомонро ташкил медод.
Куртаи сафеди писарона- аз 65 то 99 сомонӣ
Домон- юбка аз 6 сола то 16 сола аз 129 то 173 сомонӣ
Серофан аз 183 то 249 сомонӣ
Шиму костюми писарона аз 449 то 669 сомонӣ.
Пойафзолҳои писарона аз 99 то 255 сомонӣ
Интихоби ҷузвдон дар ярмарка хеле васеъ буда, волидон метавонанд мувофиқи имкониятҳои худ онро интихоб ва харидорӣ намоянд. Нархи ҷувздон аз 49 то 217 сомонӣ аст.

Дар Ярмаркаи мактабӣ либосҳои мактабии истеҳсоли Туркияро, ки аз матои пахтагин тайёр шуда, сифати хеле хуб доранд, харидорон бо 10% тахфиф дастрас карда метавонанд.

саховат 1
Ногуфта намонад, ки молҳои туркӣ нисбат ба либосҳое, ки дар Чин, Ӯзбекистон, Қарғизистон ва Тоҷикистон истеҳсол шудаанд, нисбатан қиматтар ҳастанд,вале фурӯшандагон ва харидорон мегӯянд, ки молҳои туркӣ қимат бошанд ҳам, сифати хуб доранд ва харидор фиреб намехӯрад, зеро ин либосҳо 2-3 сол хизмат мекунанд ва онҳоро минбаъд ба фарзандони хурдӣ низ пӯшондан мумкин аст.

гелос1

                Нархҳо дар "ЯРМАРКАИ МАКТАБӢ" -и                                    БОЗОРИ САХОВАТ


Дар ярмаркаи мактабии бозори “Саховат” нархи лентаҳои ороишӣ барои духтарон аз 10 то 25 сомонӣ ва либоси таҳпӯш-майкача аз 15 то 30 сомонӣ, калготки аз 20 то 35 сомонӣ, ҷувздон аз 60 то 300 сомонӣ, ремент аз 30 то 70 сомонӣ арзиш дорад. Ҷӯроб дар ярмарка аз ҳама арзон буда, ҳамагӣ 4-5 сомонӣ қимат дорад ва волидон метавонанд ба 20 сомони ба фарзанди худ то 4-5 ҷӯроб харидорӣ намоянд.

саховат 2
Ҳар оилаи тоҷик ҳадди ақал 3 -4 фарзанд доранд ва кӯдакон пай дар пай мактабхон шуда, харидани сару либоси мактабӣ ба падару модарон хеле гарон меафтад.Ба ҳисоби миёна барои ба мактаб омода намудани як фарзанд аз 500 то 800 сомонӣ лозим аст. Дар як оила, агар 3 - 4 фарзанди мактабхон бошад, барои харидани либос ва лавозимоти мактабӣ аз 2000 то 3000 сомонӣ лозим аст.

гелос 2

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД