1xbet
Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт поин рафтааст
201

Давоми як ҳафтаи охир нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ба андозаи 4 дарсад поин рафтааст.

Агар ҳафтаи гузашта 1 литр гази моеъ 4 сомониву 90 дирам арзиш дошт, рӯзи 2-юми сентябр арзиши он то ба 4 сомониву 60 дирам поин рафт.

Арзиши сӯзишворӣ маъмулан ба макони ҷойгиршавии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ вобаста аст. Фарқияти нарх дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна ҳудуди 10 дирамро ташкил медиҳад.

Аз оғози сол нархи 1 литр гази моеъ дар Душанбе қариб 40 дарсад, яъне аз 7 сомониву 50 дирам дар моҳи январ то 4 сомониву 60 дирам дар моҳи сентябр поин рафтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД