Formula novemver 2024
Нархи чиптаҳо аз Русия ба Тоҷикистон арзон шуд
1103

 

Рӯзҳои охир коҳишёбии нархи чиптаҳои ҳавопаймо  аз Русия ба Тоҷикистон ба назар мерасад. Пас аз эълони Президенти Русия барои ҷалби мардон ба қувваҳои мусаллаҳи Русия  ба таври бесобиқа боло рафта буд. 

Дар муқоиса ба санаи 20-уми сентябр, ки як чипта дар хатсайри Маскав - Душанбе дар ширкатҳои “Уралские авиалиний” ва “NordStar” 39 722 рубли русӣ арзиш дошт, имрӯз он ба 24 948 рубли русӣ поин омадааст.

Дар ҳамин ҳол, нархи парвозҳо аз Сургут (аз 24 675 то 28 985 рубл) ва Тюмен (аз 24 295 то 27 840 рубл) ба Душанбе нисбатан баландтар аст. Ба гуфтаи як фурӯшандаи нуқтаи чиптафурӯшӣ, аз ин ду шаҳри Русия ба Тоҷикистон нисбатан камтар сафар намудаанд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии “Utair”, нахри чипта аз Санкт-Петербург ба Душанбе аз 22 880 то 26 910 рублро ташкил медиҳанд. Аз Маскав ба Душанбе нархи чиптаи ин ширкат 24 948 рубл аст.

Ҳамзамон, нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар хатсайри Екатеринбург - Душанбе боз ҳам арзонтар ба назар мерасанд: аз 13 630 то 18 585 рубл. Дар хатти парвози Самара - Душанбе парвоз кардан дар ширкати “Сомон Эйр” боз хам арзонтар аст. Он 18 366 рубл дар класси эконом муқаррар шудааст.

Гарон шудани чиптаҳо аз самти Русия ба Тоҷикистон пас аз эълони Президенти Русия дар бораи сафарбар кардани шаҳрвандонаш ба сафи қувваҳои мусаллаҳ буд.   

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД