Commerce bank may-june 2026
Нархи бензину солярка дар Тоҷикистон боло рафтааст
11.06.2026
Oila.tj
68

Дар чанд рӯзи охир нархи бензин ва сӯхти дизелӣ (солярка) дар Тоҷикистон аз 40 дирам то 2 сомониву 30 дирам гарон шудааст.

Тибқи мушоҳидаҳо, рӯзи 9-уми июн дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 1 литр бензини навъи АИ-92 бо нархи 11 сомониву 30 дирам фурӯхта мешуд. Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш арзиши он 10 сомониву 90 дирам ва се ҳафта қабл 10 сомониву 40 дирамро ташкил медод.

Ҳамзамон, нархи сӯхти дизелӣ низ боло рафта, аз 11 сомонии ҳафтаи гузашта то 13 сомониву 30 дирам расидааст.

Фурӯшандагони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, ки сабаби аслии болоравии нархро намедонанд, аммо аз камбуди бензин ё солярка дар бозор хабар намедиҳанд.

Ба гуфтаи намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, афзоиши арзиши сӯзишворӣ ба тағйироти нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД